Вазорати корҳои хориҷӣ пардохти тамоми хизматрасониҳоро тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монд


Ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки аз 22 июни соли 2023, №586 ба тасвиб расидааст, Вазорати корҳои хориҷӣ пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатии музднокро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монд.

Хизматрасониҳои консулӣ

Хизматрасониҳои консулӣ чӣ маънӣ дорад?

Хизматрасониҳои консулӣ яке аз намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ аст, ки онро Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии ва муассисаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Муассисаҳои консулӣ иборат аз: шуъбаҳои консулгарии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои генералӣ, консулгариҳо, ноибони консулгариҳо ва агентиҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ.

Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чист ва он ба кадом кор машғул аст?

Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди сохтории дастгоҳи марказии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарраёсати консулӣ назорати умумиро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои консулӣ аз тарафи муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ, ки онро Оинномаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарррар кардааст, амалӣ менамояд.

Сарраёсати консулӣ дар як вақт хизматрасониҳои консулиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ новобаста ба шакли моликият, ҳамчунин ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё намояндагиҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилшудаи онҳо, шахсони хусусӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ низ амалӣ менамояд.

Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом хизматрасониҳои консулиро амалӣ менамояд?

- таҳия, судур ва тамдид кардан, иваз намудан ва бекор донистани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони/шахсони хориҷии бетабаа (бешаҳрванд);

- таҳия кардан, додан, тамдид (дароз) кардан, иваз намудан ва бекор донистани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баррасии дархостҳо (аризаҳо) ва муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба талабкарди ҳуҷҷатҳо;

-хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ;

- масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳияи даъватнома (дастгирии раводидӣ) ба шаҳрвандони/шахсони бетабаа (бешаҳрванд);

- таҳияи шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъйидкард (аппостилгузорӣ) ва амалисозии қонунигардонии консулии ҳуҷҷатҳо ва санадҳо;

- амалисозии сабти шиносномаҳои хориҷии арбобони давлатӣ ва ҷамъиятии давлатҳои хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оянда ва аъзои оилаи онҳо, дар мавриде, ки дар ин бора намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии давлатҳои қабулкунандаи онҳо, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё намояндагии вакилшудаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост менамоянд;

- гузоштани штамп бо ишораи «сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти амалисозии сафари корӣ ва ё саёҳатиро ба ин давлат доранд;

- гузоштани штамп барои сафарҳо ба минтақаи наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони хориҷӣ.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кадом хизматрасониҳои консулиро анҷом медиҳанд?

Дар доираи расонидани хизматҳои консулӣ, консулҳо вазифаҳои зеринро амалӣ менамоянд:

-андешидани чораҳо ҷиҳати он, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра аз тамоми ҳуқуқҳои ба онҳо пешниҳоднамудаи қонунгузории давлати будубош (иқомат) истифода кунанд;

- ҳисобгирии шахсони дар ҳавзаи консулгарии ў ба таври доимӣ истиқоматкунанда ва ба таври муваққатӣ қарордоштаро ҷорӣ менамояд;

- ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои хизматии намояндагони дар ҳудуди ҳавзаи консулгарӣ қарордоштаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳавзаи консулгарии ў меоянд, мусоидат менамояд;

- шаҳрвандони дар ҳавзаи консулгарии ў ба таври муваққатӣ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии давлати будубош (иқомат) хабардор менамояд;

- барои намудани чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ ба шаҳрвандони дар ҳавзаи консулгарии ў зиндагикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

- ҳуқуқ дорад, ки дар муассисаҳои давлати будубош шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намояд, агар онҳо ҳузур надошта бошанд ва пешбурди корро ба ягон шахси дигар вогузор накарда бошанд ва ё манфиатҳои худро бо сабабҳои дигар ҳифз карда натавонанд;

-супориши мақомоти тафтишотӣ ё судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, агар ин амал бо қонунҳои давлати иқомат манъ нашуда бошад;

- ҳуқуқ дорад, ки сабти санадро оид ба писархонд (духтархонд) кардани кўдаке, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, анҷом диҳад;

- ҷиҳати муқаррар кардани парасторӣ нисбат ба шаҳрвандони ноболиғи бетарбиямонда, ки дар ҳавзаи консулгарии ў қарор доранд, тадбирҳо меандешад;

- ҷиҳати ҳифзи амволе, ки пас аз вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондааст, тадбирҳо меандешад;

- ҳуқуқ дорад, ки оид ба ирсоли амволи меросӣ ба меросхўрон (ворисон)-и дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта тадбирҳо андешад;

- маълумотии биометрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳияи шиноснома ҷамъоварӣ менамояд ва дар зарурат дар онҳо навиштаҷоти дахлдор ворид мекунад;

- ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа (бешаҳрванд) раводид медиҳад;

- ҳуқуқ дорад, ки аризаҳо (дархостҳо)-ро барои қабул, баромад ва барқарорсозӣ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд;

- метавонад ба Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба маҳрумсозӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳолати граждании шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти нотариалиро амалӣ менамояд;

- ҳуҷҷатҳо ва санадҳои аз мақомоти салоҳиятдори ҳавзаи консулгарӣ воридшударо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ мегардонад;

- дархост (ариза)-ҳоро ба таъйидкарди ҳуҷҷатҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Дар асоси кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хизматрасониҳои консулӣ амалӣ карда мешаванд?

Қонунгузории миллӣ:
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 16);
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; аз 08.08.2015;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» аз 31.12.2014;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сабти давлатии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ» аз 29.04.2006;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи нотариати давлатӣ» аз 16.04.2012;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.02.1996;
Оинномаи консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.072007, №275 тасдиқ шудааст;
Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2007, №546;
Қоидаҳои таҳия, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бетабаа, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №31 тасдиқ шудааст;
Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронии иттилоот ва Шаҳодатномаи бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2009, №203 тасдиқ шудааст;
Дастурамал оид ба тартиби таъйиди консулӣ, ки бо фармоиши Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.11.2008, №428 тасдиқ шудааст;
Санади байналмилалӣ:
Конвенсияи Венагӣ «Оид ба ҳамкориҳои консулӣ» аз соли 1963;
Конвенсияҳо «Дар бораи кўмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ» (ш.Минск,1993; ш. Кишинёв, 2002);
Конвенсияҳо ва созишномаҳои дуҷонибаи консулӣ бо давлатҳои хориҷӣ.

© 2024 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, кӯчаи Пушкин 34
E-mail:info@consular.tj