Ҷадвали қабули шаҳрвандон
Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори таркибии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Вазифа ва ӯҳдадориҳои Сарраёсати консулӣ:
-
барасмиятдарорӣ ва таҳияи раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;
- барасмиятдарорӣ, таҳия, иваз намудан, бекор кардани шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баррасии ариза ва муроҷиати шаҳрвандон нисбати талаби ҳуҷҷатҳо;
- иҷрои таъйиди консулии ҳуҷҷатҳо ва санадҳо.
Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ – хизматрасонии консулиро ба анҷом мерасонад.
Ҳамаи дархост ва ҳуҷҷатҳое, ки ба хизматрасонии консулӣ вобаста мебошанд, бевосита дар Раёсати консулӣ, дар суроғаи: кӯчаи Пушкин 34, дар рӯзҳои корӣ аз соати 08-30 то 11-00 қабул гардида, ба қайд гирифта мешаванд.
Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули мизоҷонро оид ба масъалаҳои хизматрасонии консулӣ бо тартиби зерин ба роҳ мондааст:
Қабули ҳуҷҷатҳо аз шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ |
Душанбе, Сешанбе, Панҷшанбе, Ҷумъа аз 08:30 то 11:00 |
Қабули ҳуҷҷатҳо аз Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ |
Душанбе, Панҷшанбе аз 08:30 то 11:00 |
Супоридани ҳуҷҷатҳои омодашуда ба шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ |
Душанбе, Сешанбе, Панҷшанбе, Ҷумъа аз 13:30 то 16:00 |
Супоридани ҳуҷҷатҳои омодашуда ба Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ |
Душанбе, Панҷшанбе аз 13:30 то 16:00 |
Телефонҳо барои тамос:
- Оид ба масъалаҳои раводид (муқаррарӣ, электронӣ), апостилгузорӣ ва таъйиди хуҷҷатҳо, талаби ҳуҷҷатҳо ва бо дигар саволҳо Шумо метавонед ба рақамҳои маркази тамос муроҷиат кунед:
(+992) 44 610-20-20