Қоидаҳои барасмиятдарорӣ,
додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низоми электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ гардид.

Ин низом ба соддагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати коҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории корҳои лозима даъват хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.

Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, ба маълумот мерасонем, ки низоми электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Точикистон вобастагӣ надорад. Чуноне, ки маълум аст, “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шабакаи интернетии алоҳида - www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 руз амал мекунад, лекин дорандаи он метавонад дар каламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои форс-мажорӣ.

Мутобиқи банди 45-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №31 аз 25 январи соли 2017 муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ғайр аз ҳолатҳои дар Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, инчунин агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигареро пешбинӣ нагардида бошад, муқаррар карда мешавад. Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, муҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.



Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон
«Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд»

аз 25 январи соли 2017 №31ш. Душанбе


2. НАВЪҲОИ РАВОДИД

Вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон раводидҳо ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

- раводиди дипломатии навъи «Д»;
- раводиди хизматии навъи «Х»;
- раводиди сармоягузории навъи «С»;
- раводиди кории навъи «К»;
- раводиди меҳнатии навъи «М»;
- раводиди сайёҳии навъи «Т»;
- раводиди таҳсилотии навъҳои «О1» ва «О2»;
- раводиди хусусии навъҳои «ХС1» ва «ХС2»;
- раводиди минтақаи озоди иқтисодии навъи «МОИ»;
- раводиди нақлиётии навъи «Н»;
- раводид барои истиқомати доимии навъи «ИД»;
- раводиди воситаи ахбори оммаи навъи «Ж»;
- раводиди табширии навъи «ТБ»;
- раводиди башардӯстонаи навъи «Б»;
- раводиди транзитии навъи «ТР»;
- раводиди хуруҷии навъи «Хуруҷӣ».

Раводиди навъи «Д» – ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии давлатҳои хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони идораҳои сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақоми дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мушоҳидоне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаҳои шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд, дода мешавад. Дар ҳолате, ки мақоми дипломатии шаҳрванди хориҷии шиносномаи дипломати надошта аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад, ба ӯ раводиди дипломатӣ додан мумкин аст. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи дипломатӣ дошта бошаду мақоми дипломатии ӯ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф нашуда бошад (дар ҳолати сафари хусусӣ), ба ӯ мумкин аст раводиди навъи дигар вобаста ба мақсади сафараш дода шавад.

Раводиди навъи «X» - ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ-маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ, хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду шиносномаи дипломатӣ надоранд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идораҳои давлати хориҷӣ ва ё бо даъвати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда дода мешавад.

Раводиди навъи «С» - ба роҳбарони ширкату корхонаҳое, ки ба таври воқеӣ дар сармоягузории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, инчунин ба аъзои оилаи онҳо дода мешавад.

Раводиди навъи «К» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ташриф овардаанд, дода мешавад:

а) иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

б) барои бастани қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори дохилӣ, васлкунӣ, таъмир ва хизматрасонии минбаъдаи таҷҳизот, таҷрибаомӯзӣ ва пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ.

Раводиди навъи «М» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин ба аъзои оилаи чунин шахсон дода мешавад.

Раводиди навъи «Т» - ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ташриф меорад, дода мешавад.

Раводиди навъи «О1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин сафар менамоянд, дода мешавад:

а) барои гирифтани таҳсил, дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилотие, ки барномаҳои таълимии низоми таҳсилоти миёна, миёнаи техникӣ ва касбӣ, таҳсилоти олӣ, инчунин барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва курсҳои тайёриро амалӣ менамоянд;

б) барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба ҳайси аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда.

Раводиди навъи «О2» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои таълим, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва иштирок дар курсҳои омӯзиши забон ё курсҳои такмили ихтисос ташриф оварданианд, дода мешавад.

Раводиди навъи «ХС1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат, ташхис ва аёдати хешовандону дӯстон ва барои дигар мақсадҳои шахсӣ (иштирок дар тӯю маъракаҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои шахсӣ) ташриф оварданианд, дода мешавад.

Раводиди навъи «ХС2» - танҳо ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ дода мешавад.

Раводиди навъи «МОИ» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратиро ба амал мебароранд, дода мешавад.

Раводиди навъи «Н» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд, дода мешавад.

Раводиди навъи «ИД» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намудаанд, то гирифтани иҷозати иқомати доимӣ дода мешавад.

Раводиди навъи «Ж» - ба мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда, дар сурати аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудани онҳо, дода мешавад.

Раводиди навъи «ТБ» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҳайси корманд дар ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамоянд ё карданианд, дода мешавад.

Раводиди навъи «Б» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кумаки башардӯстона ва ё дигар шахсоне, ки барои расонидани ёрии башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, дода мешавад.

Раводиди навъи «ТР» – ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати таъинот ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ сафар доранд, ба муҳлати то 72 соат дода мешавад. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте ки ӯ Сарҳади давлатиро тавассути нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ убур нанамояд. Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то ба эътидол омадани вазъият ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ки тавассути нақлиёти сабукрави заминӣ ба давлати таъинот сафар дорад, раводиди транзитӣ ба муҳлати барои транзит зарурӣ бо хатсайри кӯтоҳтарин дода мешавад. Муҳлати мазкур аз гашти шабонарӯзии воситаи нақлиёт баробар ба 400 км ҳисоб карда мешавад. Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда дорои раводиди давлате бошад, ки ба он тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад ё ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад. Раводиди транзитии бисёркарата дар ҳолате дода мешавад, ки агар аризадиҳанда раводиди мутобиқан бисёркаратаи давлатеро, ки ба он сафар дорад, дошта бошад, ё ин ки барои сафар ба давлати сеюм раводид талаб карда нашавад.

Раводиди навъи «Хуруҷӣ» - аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ аз ҷониби намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар муҳлати ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бо қарори мақомоти дахлдор дар бораи номатлуб будани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ва ё қатъ гаштани шартномаи меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, дода мешавад. Раводиди хуруҷӣ ба муҳлати на зиёда аз 7 рӯз дода мешавад. Дар ҳолати дар муҳлати нишондода, бо сабабҳои узрнок ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба ӯ раводиди дигари хуруҷӣ ба муҳлати то 3 рӯз дода мешавад. Шахсе, ки раводиди хуруҷӣ дораду бе сабабҳои узрнок дар муҳлати нишондода аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебарояд, кирдори ӯ ҳамчунин амали вайрон намудани қоидаи будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда, ба таври маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешавад. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, раводиди хуруҷӣ дар асоси иҷозати Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.




НАМУДҲОИ РАВОДИД

Аз рӯи намуд раводидҳо тақсим мешаванд ба:
а) раводид;
б) раводиди электронӣ.

КАРАТНОКИИ РАВОДИД


Раводид яккарата ва бисёркарата дода мешавад.

Раводиди яккарата ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи як маротиба вуруд ва хуруҷ шуданро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати дар раводид нишондода медиҳад.

Раводиди бисёркарата ҳуқуқи якчанд маротиба (зиёда аз 2 маротиба) вуруд ва хуруҷ ва ё хуруҷ ва вуруд шуданро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати дар раводид нишондода медиҳад. Раводиди электронӣ танҳо яккарата дода мешавад.



Замима
ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд




НОМГӮИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИЕ,
КИ ШАҲРВАНДОНИ ОНҲО ҲУҚУҚИ БО ТАРТИБИ СОДДА ГИРИФТАНИ РАВОДИДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАНД



1. Австралия
2. Ҷумҳурии Австрия
3. Ҷумҳурии Албания
4. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
5. Амороти Муттаҳидаи Араб
6. Иёлоти Муттаҳидаи Америка
7. Шоҳзодагии Андорра
8. Антигуа ва Барбуда
9. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
10. Ҷумҳурии Аргентина
11. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ
12. Ҷазираҳои Багам
13. Барбадос
14. Шоҳигарии Баҳрайн
15. Шоҳигарии Белгия
16. Белиз
17. Боливия
18. Босния и Ҳертсоговина
19. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
20. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
21. Бруней-Доруссалом
22. Ҷумҳурии Булғористон
23. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла
24. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
25. Вотикон
26. Гайана
27. Ҷумҳурии Гватемала
28. Ҷумҳурии Федеративии Германия
29. Гренада
30. Шоҳигарии Дания
31. Доминика
32. Ҷумҳурии Доминикан
33. 3еландияи Нав
34. Ҷумҳурии Индонезия
35. Ҷумҳурии Ирландия
36. Ҷумҳурии Исландия
37. Шоҳигарии Испания
38. Давлати Исроил
39. Ҷумҳурии Италия
40. Канада
41. Ҷумҳурии Кипр
42. Ҷумҳурии Колумбия
43. Ҷумҳурии Корея
44. Ҷумҳурии Коста Рика
45. Ҷумҳурии Куба
46. Давлати Кувайт
47. Давлати Қатар
48. Ҷумҳурии Латвия
49. Ҷумҳурии Лаҳистон
50. Ҷумҳурии Литва
51. Шоҳзодагии Лихтенштейн
52. Ҷумҳурии Лубнон
53. Гертсогии Бузурги Люксембург
54. Ҷумҳурии Маврикий
55. Ҷумҳурии Македония
56. Малайзия
57. Ҷазираҳои Малдив
58. Ҷумҳурии Малта
59. Шоҳигарии Марокаш
60. Маҷористон
61. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
62. Ҷумҳурии Мисри Араб
63. Шоҳзодагии Монако
64. Муғулистон
65. Шоҳигарии Нидерландия
66. Шоҳигарии Норвегия
67. Ҷумҳурии Панама
68. Папуа Гвинеяи Нав
69. Ҷумҳурии Парагвай
70. Ҷумҳурии Перу
71. Ҷумҳурии Исломии Покистон
72. Ҷумҳурии Португалия
73. Руминия
74. Ҷумҳурии Салвадор
75. Ҷумҳурии Сан Марина
76. Ҷазираҳои Сейшел
77. Сент Винсент ва Гренадин
78. Сент Китс ва Невис
79. Сент Люсия
80. Ҷумҳурии Сербия
81. Ҷумҳурии Сингапур
82. Ҷумҳурии Словакия
83. Ҷумҳурии Сенегал
84. Ҷумҳурии Словения
85. Ҷумҳурии Суринам
86. Шоҳигарии Таиланд
87. Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго
88. Ҷумҳурии Тунис
89. Ҷумҳурии Туркия
90. Туркманистон
91. Ҷумҳурии Ӯзбекистон
92. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
93. Ҷумҳурии Уругвай
94. Ҷумҳурии Филиппин
95. Ҷумҳурии Финляндия
96. Ҷумҳурии Фиҷӣ
97. Ҷумҳурии Франсия
98. Ҷумҳурии Халқии Хитой
99. Ҷумҳурии Хорватия
100. Ҷумҳурии Ҳиндустон
101. Черногория
102. Ҷумҳурии Чехия
103. Ҷумҳурии Чили
104. Конфедератсияи Швейтсария
105. Шоҳигарии Шветсия
106. Шри Ланка
107. Ҷумҳурии Эквадор
108. Ҷумҳурии Исломии Эрон
109. Ҷумҳурии Эстония
110. Ҷумҳурии Юнон
111. Ямайка
112. Япония

Эзоҳ


Шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.

Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд дар асоси шартномаҳои дуҷониба ё дар асоси рафтуомади бераводиди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар тартиби соддаи гирифтани раводидро ба роҳ монанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби соддакардашударо муваққатан боздошт намояд.