Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

аз 2 апрели соли 2009 №203 г. Душанбе

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2009, №624 «Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қоидаҳои мазкур то пурра ҷорӣ шудани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ нисбати шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шаванд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он ҳангоми додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои мазкурро қатъиян дастури амал қарор диҳанд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1999, № 8 «Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, кӯчаи Пушкин 34
E-mail:info@consular.tj