Масъалаҳои шаҳрвандӣ

Шаҳрвандии Тоҷикистонро чӣ тавр бояд соҳиб шуд?

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои зерин ба даст оварда мешавад:
  • аз рӯи таваллуд;
  • дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ;
  • дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ;
  • бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳрвандиро аз рӯи таваллуд чи тавр бояд соҳиб шуд?

Кӯдаке, ки падару модари ӯ ё падар ё модари ягонаи ӯ ҳангоми таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, новобаста ба ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мешавад, агар ӯ:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад;
- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ ё яке аз онҳо дар ин вақт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд.

Кӯдаке, ки яке аз падар ё модари ӯ дар лаҳзаи таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шахси бешаҳрванд ё шахси номаълум бошад, новобаста баҷои таваллуди кӯдак, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Дар ҳолати муқаррар намудани падарии кӯдаке, ки модараш шахси бешаҳрванд буда, падараш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак, новобаста баҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар мавриди муқаррар намудани ҳолати таваллуди кӯдак аз зане, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, падараш шахси бешаҳрванд мебошад, кӯдак, новобаста ба ҷои таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрванде, ки ҳар ду ё яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ номаълуманд, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро мегардад.

Кӯдаки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллудшуда, ки падару модари ӯ шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд ё яке аз онҳо шаҳрванди хориҷӣ, дигараш шахси бешаҳрванд ва ё номаълум бошад, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар мутобиқи қонунгузории он давлатҳо ба ӯ шаҳрвандӣ дода нашуда бошад.

Шаҳрвандӣ тибқи тартиботи қабул чӣ тавр ба даст оварда мешавад?

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро дар асоси дархости онҳо мутобиқи Қонуни конститутсионии мазкур ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудан мумкин аст.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва моддӣ, ҳуқуқ доранд дар бораи қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намоянд.

Дар кадом ҳолатҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда мешавад?

Шахсоне, ки бо сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон дар муддати панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Шахсоне, ки бо сабаби фарзандхондӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд, метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоанд?

Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;
- донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.

Оё тартиби соддакардашуда барои қабул кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” тартиби соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.
Мутобиқи Қонуни номбаршуда, шахсони зерин ҳуқуқ ба тартиби соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандиро доранд:
- шахсоне, ки дастовардҳои олӣ дар соҳаи илму техника, тандурустӣ ва варзиш, хизмати шоиста дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии арзишҳои умумибашарӣ дошта бошанд;
- иштирокчиёнӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро доштанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;
- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ё парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошта, дар давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ шомил буданд, истиқомат мекард ё мекунад, вале шаҳрвандии ин давлатҳоро нагирифта, дар натиҷа шахси бешаҳрванд гаштаанд.
Бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кам намудани нисфи муҳлати истиқомати доимӣ (муҳлати панҷсола) шахсони зерин метавонанд муроҷиат кунанд:
- шахсони бешаҳрвандӣ;
- шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми таваллуд падар ё модари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандии давлати хориҷиро аз рӯи таваллуд соҳиб шуда бошанд, дар давоми панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ;
- шаҳрвандони хориҷие, ки падар ё модари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро доштанд.

Аз рӯи кадом сабабҳо қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешаванд?

Дархости қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешавад, агар дархостдиҳанда:
- маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда бошад;
- бо кирдори худ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;
- узви ҳизб ва ташкилотҳои дигаре бошад, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон расман манъ карда шудааст;
- барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шуда бошад;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта бошад;
- ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ адо карда истода бошад;
- шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад.

Дар масоили шаҳрвандӣ ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Дархост оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ду нусха) бо даст навишташуда ва бо истифода аз воситаҳои техникӣ аз ҷониби шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти ӯ ва аз ҷониби шахсе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ба мақомоти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Дархост аз ҷониби дархостдиҳанда шахсан имзо карда мешавад ва санаи пешниҳоди дархост нишон дода мешавад. Дар сурати пешниҳоди ариза аз ҷониби шахсе, ки бо сабаби камбудиҳои ҷисмонӣ, беморӣ, камсаводӣ ё сабабҳои дигар ба миён омадааст, бояд шахсан бо дархости худ дар ҳузури шахси расмии қабули дархост, аломати "Имзо кардан ғайриимкон аст" гузорад.

Нисбат ба ҳуҷҷатҳо кадом талаботҳо пешниҳод карда мешаванд?

Ба дархосте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пешниҳод карда мешаванд, ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
- ҳуҷҷати аслӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти дархосткунандаро мушаххас мекунад;
- тарҷумаи ҳол;
- чор адад сурат бо андозаи 4х6 см. дар заминаи сафед;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ (хироҷи консулї);
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судии давлате (давлатҳое), ки дархосткунанда шаҳрванди он давлат буд, иқомат дошт ва ё дорад;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат дар бораи ҳайати оила;
- маълумотнома дар бораи доштани (надоштани) бемориҳои сироятӣ, наркологӣ ва равонӣ.
Ҳуҷҷатҳое, ки бояд пешниҳод карда шаванд, бояд ба забони давлатӣ тарҷума карда шаванд. Саҳеҳ ва дақиқ будани тарҷумаи ҳуҷҷатҳо бо нотариус тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд ё аз ҷониби онҳо эътироф карда шаванд, апостил гузошта шаванд, агар тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амали дигаре пешбинӣ нашуда бошанд.

Муҳлатҳои баррасии аризаҳо барои шаҳрвандӣ кадомҳоянд?

Муҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарорҳо оид ба дарёфти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад аз як сол аз рӯзи пешниҳоди дархост зиёд бошад, бо шарте, ки агар ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар сатҳи зарурӣ супурда шуда бошанд.

Дархостҳои такрорӣ барои дарёфти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ на дертар аз як сол пас аз қабули қарори қаблӣ қабул карда мешаванд.

Дар мавриди ошкор шудани маълумотҳои қаблан номаълум, дархостҳои такрорӣ бидуни баррасии як сол пас аз қарори қаблӣ қабул карда мешаванд.

Санаи қабул шудан ё қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ба ҳисоб меравад?

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад:
- аз рӯзи таваллуди кӯдак – мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ”;
- аз рӯзи фарзандхондии кӯдак – мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ”;
- дар ҳолатҳои дигар – аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

Кадом ҳуҷҷатҳо вобаста ба гирифтани ё қатъ кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд?

Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои кӯдаконе, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд, дар бораи мансубияти онҳо ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гузошта мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани гузоштани қайд дар ҳуҷҷатҳои кӯдакон, ба онҳо маълумотнома дода мешавад, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои хориҷӣ шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намуда, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” қатъ гардида, шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳномаи иқомат баpoи шахсони бешаҳрванд медиҳанд ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд. Барои аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахси бешаҳрванд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҳуҷҷати дахлдор дода мешавад.

Ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандӣ” қатъ ёфта, шаҳрванди давлати хориҷӣ нестанд, мақомоти корҳои хориҷӣ шаҳодатнома баpoи шахсони бешаҳрванд медиҳанд, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шудааст ва ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд, гирифта мешаванд.

© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, кӯчаи Пушкина 34
E-mail:info@consular.tj