Дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи баимзорасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, тартиби омадурафти бе раводид бо шиносномаҳои муқарраршуда, нисбати кишварҳои зерин амал мекунад:
Мамлакат | Навъи шиноснома | Муҳлат | Тавзеҳот |
Австралия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Амороти Муттаҳидаи Араб | шиносномаҳои дипломатӣ шиносномаҳои хизматӣ шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ | то 90 рӯз то 90 рӯз то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Арманистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 90 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон оид ба рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон |
Афғонистон | дипломатӣ | то 30 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба омадурафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ |
Беларус | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - | Созишнома оид ба рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил дар ҳудуди кишварҳои аъзо |
Бруней Доруссалом | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 14 рӯз | Созишнома (тариқи табодули ёддоштҳо) оиди рафту омади бераводиди шаҳрвандони ду кишвар бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ |
Венгрия | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 90 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Гертсогии Бузурги Люксембург | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Гурҷистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - | Созишнома оид ба рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил дар ҳудуди кишварҳои аъзо |
Давлати Қатар | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Зеландияи Нав | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Иёлоти Муттаҳидаи Америка | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Исландия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Канада | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Конфедератсияи Швейтсария | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Кореяи Ҷанубӣ | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 90 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Қазоқистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ба тартиб даровардани шароити сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон |
Қирғизистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби будубоши шаҳр ҶТ дар ҳудуди ҶҚ ва шаҳрвандони ҶҚ дар ҳудуди ҶТ |
Малайзия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Маҷористон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Молдова | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - | Созишнома оид ба рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил дар ҳудуди кишварҳои аъзо |
Озарбойҷон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 90 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба рафтуомади бераводиди шаҳрвандон |
Покистон | шиносномаҳои дипломатӣ | то 90 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи омаду рафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ |
Руминия | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 90 рӯз | Мубодилаи ёддоштҳо оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия дар бораи сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон |
Туркия | шиносномаҳои дипломатӣ шиносномаҳои хизматӣ шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ | то 90 рӯз то 90 рӯз то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Туркманистон | шиносномаҳои дипломатӣ | то 30 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи мусофиратҳои мутақобилаи шаҳрвандон |
Узбекистон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофиратҳои мутақобилаи шаҳрвандон |
Украина | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 90 рӯз | Созишнома оид ба рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил дар ҳудуди кишварҳои аъзо |
Федератсияи Россия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | - | Созишнома оид ба рафтуомади бераводиди шаҳрвандони Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил дар ҳудуди кишварҳои аъзо |
Хитой | шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ инчунин бо шиносномаҳои таъиноти хизматӣ (бо мӯҳри «хизматӣ») | то 30 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи низоми сафарҳои хизматӣ бидуни раводид |
Ҳиндустон | шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ | то 30 рӯз | Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи тартиби рафтуомади бераводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ |
Ҷумҳурии Австрия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Аргентина | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Федеративии Германия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Доминикан | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Индонезия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Италия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Корея | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Куба | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Латвия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Литва | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Малдив | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Полша | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Португалия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Сингапур | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Филиппин | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Финляндия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Франсия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Хорватия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Чехия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Чили | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри Ланка | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Эквадор | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Эстония | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ҷумҳурии Юнон | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳзодагии Лихтенштейн | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳзодагии Монако | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Баҳрайн | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Белгия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Дания | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Испания | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Нидерландия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Норвегия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Тайланд | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Ҳошимии Урдун | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Шоҳигарии Шветсия | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Ямайка | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Япония | ҳамаи намуди шиносномаҳои хориҷӣ | то 30 рӯз | Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464 |
Бо мақсади ҷалб намудани сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ба ҷумҳурӣ, барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ тартиби соддаи қоидаҳои омаду рафт ва будубоши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи банди 45-уми Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №31 аз 25 январи соли 2017 муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ғайр аз ҳолатҳои дар Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, инчунин агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигареро пешбинӣ нагардида бошад, муқаррар карда мешавад. Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, муҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.
Бо тартиби содда раводиди ҳамаи категорияҳо метавонад танҳо ба шаҳрвандони 126 давлат, ки номгӯи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 тасдиқ шудааст, дода шавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди стандартӣ доранд ва ба онҳо барои омаду рафт ва буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бераводид ҷорӣ карда шудааст, вазифадоранд дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (танҳо барои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ) аз қайд гузаранд.