Вазорати корҳои хориҷӣ пардохти тамоми хизматрасониҳоро тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монд


Ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки аз 22 июни соли 2023, №586 ба тасвиб расидааст, Вазорати корҳои хориҷӣ пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатии музднокро ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монд.

Тартиби таҳияи раводид
Низоми барасмиятдарории раводиди электронӣ

Раводид чист?

Раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад;

«Раводид» аз «раводиди электронӣ» чӣ фарқ дорад?

Раводид дар қоғази махсуси дорои хусусиятҳои ҳимоявӣ аз сохтакорӣ (қалбакикорӣ) дар намуди тамғақоғаз гузошта мешавад, ки он дар саҳифаи махсусан ҷудокардашуда барои раводид дар шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати онро ивазкунанда насб карда мешавад. Чунин категорияи раводидро раводиди стандартӣ ё стикерӣ низ мегўянд. Шурўъ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани дархост ба гирифтани раводид ба роҳ монда шуд. Дархостҳо барои гирифтани раводиди стандартӣ ба сомонаи инернетии www.visa.gov.tj. дода мешаванд.

Бо мақсади роҳ надодан ба нофаҳмиҳо иттилоъ медиҳем, ки низоми электронии таҳияи раводидҳо дар Тоҷикистон ба низоми раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи интернетии www.evisa.tj. таҳия карда мешаванд, алоқамандӣ надорад. Раводиди мазкур яккарата ва бисёркарата буда, ки ба муддати 90 рўз дода шудааст, вале дорандаи ин раводид дар Тоҷикистон метавонад на бештар аз 60 рўз, шурўъ аз санаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешгўинашаванда (форс-мажор).

Ҳолати пешгўинашаванда (форс-мажор) чиро дар назар дорад?

Ҳолати форс - мажор – ҳодисаи ғайричашмдошт ва рафънопазире, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда (офати табиӣ, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳодисаҳои ба он монанд) ба вуқӯъ омадааст

Муҳлати амали раводидро дар куҷо ва чӣ тавр тамдид намудан мумкин аст?

Муҳлати амали раводид метавонад аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси раводиди амалкунанда ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки зарурати ин гуна тамдидро тасдиқ менамоянд, ба муҳлати муайяншуда бо салоҳдиди шахси масъули консулӣ, ки ба тамдиди раводид ваколатдор шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бо Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, тамдид карда шавад.

Раводиди сайёҳӣ (Т) ва раводиди хусуси навъи "ХС1" тамдид карда намешаванд.

Дар сурати гузаштани муҳлати амали раводид бо гуноҳи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ё дархосткунанда, онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар ҳолате, ки дар шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд раводиди муҳлати амалаш нагузашта ва ё истифоданашуда мавҷуд бошад, раводиди нав аз санаи ба анҷом расидани муҳлати амали раводиди қаблӣ ба амал бароварда мешавад.

Барои тамдид намудани муҳлати амали раводид тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ пардохт карда мешавад.

Барои тамдиди раводид кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда мешаванд?

а) шиноснома (ҳуҷҷати сафар) ;
б) варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол намудани варақа тариқи шабакаи иттилотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;
в) акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;
е) маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд (дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба истиснои раводидҳои нвъи дипломатӣ, хизматӣ, сармогузорӣ ва башардӯстона;
ё) расид (квитансия) дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.

Қарор оид ба тамдиди раводид кай қабул карда мешавад?

Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, инчунин агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигареро пешбинӣ нагардида бошад, муқаррар карда мешавад. Санаи муроҷиат барои додани раводид аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои тибқи Қоидаҳои мазкур пешбинигардида, ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, муҳлати баррасии дархост барои додани раводид, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, метавонад ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Дар кадом мавридҳо раводидро бекор донистан мумкин аст?

Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул намудани қарор дар бораи ихтисор кардани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раводиди ӯ тариқи мондани муҳр бо навиштаҷоти «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, баъдан раводиди хуруҷӣ дода мешавад.

Дар ҳолати қабули қарор дар бораи аз ҳудуди давлат берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мондани муҳр бо навиштаҷоти «бекор карда шудааст» бекор карда мешавад.

Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати номувофиқатии навъи раводид ба мақсади вуруди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вазифадор аст онро бекор намояд ва раводиди навъи дахлдорро ба расмият дарорад.

Дар кадом мавридҳо раводидро барқарор кардан мумкин аст?

Дар ҳолати нуқсони техникӣ гирифтани раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба корношоямии минбаъдаи он оварда расонидааст ё дар ҳолати гум шудани он, раводид бояд баъди санҷиши асос ва тасдиқи далели додани он барқарор карда шавад.

Барқарор намудани раводид аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи хаттии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ё бо дархости хаттии ташкилот, ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шаҳрванди хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дораду бо даъвати ӯ шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд вуруд шудааст ва ё нияти ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вуруд шуданро дорад, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолати бекор намудани шиносномаи қаблӣ аз сабаби иваз намудан ё гирифтани шиносномаи нав аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки соҳиби раводиди амалкунанда мебошад, раводид метавонад дар шиносномаи нав дар асоси аризаи хаттии ин шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барқарор карда шавад.

Ҳисобгирии раводидҳои додашуда чӣ тавр ба роҳ монда мешавад?

Баҳисобгирӣ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бюрои консулӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотию электронӣ сурат мегирад.

Шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди стандартӣ доранд ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо барои омаду рафт ва буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бераводид ҷорӣ карда шудааст, дар кадом муҳлат вазифадоранд дар мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ба қайд гирифта шаванд?

Шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди стандартӣ доранд ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо барои омаду рафт ва буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми бераводид ҷорӣ карда шудааст, вазифадоранд дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (танҳо барои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ) аз қайд гузаранд.

Оё шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони хориҷӣ /шахсони бешаҳрвандро даъват кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро даъват намудаанд, барои будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар буда, дар ҳолати танқисии моддӣ кашидани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҷиҳати баромада рафтанашон ё ин ки дар ҳолати аз ҳудуди давлат берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мебошанд.

Дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ҷиҳати ба расмият даровардани тасдиқи даъват ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди риоянакардаи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват намудаанд, барои баррасӣ қабул намегардад.


Низоми барасмиятдарории раводиди электронӣ

Низоми барасмиятдароии раводиди электронӣ дар чӣ ифода меёбад?

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016 бори нахуст дар фазои давлатҳои аъзои ИДМ низоми электронии таҳия ва додани раводидҳоро барои шаҳрвандон аз 78 давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монд.

Мақсади низоми нав дар содда гардонидани расмиёти таҳияи раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода меёбад, ки як қадами муҳим оид ба татбиқи хизматрасониҳои давлатии электронӣ мебошад.

Тартиби таҳияи раводиди электронӣ чӣ гуна аст?

Раводиди электрониро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли электронӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.

Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои гирифтани раводиди электронӣ зарур аст, ки варақа (анкета)-и электрониро дар портали раводиди электронӣ www.evisa.tj. пур намояд ва дархостро дар шакли электронӣ ирсол кунад, ки он ба таври автоматӣ аз тарафи системаи шабакаи иттилоотии электронӣ санҷида мешавад. Дархост то вақте, ки пардохти электронӣ тариқи системаи байналмилалии пардохт амалӣ карда нашавад, баррасӣ карда намешавад.

Баъди баррасӣ ва қабули қарори мусбат нисбат ба дархост, раводиди электронӣ дар шакли электронӣ (дар формати А4) ба почтаи электронии шахси дархосткунанда ирсол карда мешавад. Дархосткунанда бояд раводиди электрониро чоп намояд ва ҳамроҳ бо ҳуҷҷати мусофират (омадурафт) ҳифз кунад.

Пардохти хироҷи консулӣ барои баррасӣ кардани таҳияи раводидҳои электронӣ тавассути пардохтҳои байналмилалии электронӣ, мисли Visa, MasterCard, American Express ва Union Pay амалӣ карда мешавад.

Дар мавриди рад кардани дархост ба дархосткунанда хироҷи консулӣ баргардонида намешаванд.

Нисбат ба ҳуҷҷатҳо барои таҳияи раводиди электронӣ кадом талаботҳо пешниҳод карда мешаванд?

- ба аслияти маълумот, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дигар дар шакли электронӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пешниҳод шудаанд, набояд шубҳа пайдо шавад;

- муҳлати амали ҳуҷҷат одатан бояд на катар аз 6 моҳро то анҷоми амали он ташкил намояд.

Варақа (анкета) барои гирифтани раводиди электрониро чӣ тавр пур кардан мебояд?

Пур кардани варақаи раводиди электронӣ дар сомонаи www.evisa.tj амалӣ карда мешавад.

Иҷозат барои сафар ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куҷо нишон дода мешавад?

Иҷозат барои сафар ба ҳудудҳои махсуси наздисарҳадӣ дар бланки раводиди электронӣ нишон дода мешавад. Барои гирифтани иҷозат барои дидан кардан аз ҳудудҳои махсуси наздисарҳадӣ дархосткунанда бояд ҳамин гуна опсияро зимни пур кардани варақа барои раводиди электронӣ интихоб намояд.

Муҳлати амали раводиди электронӣ чӣ қадар аст?

Муҳлати раводиди электронӣ 90 рӯз мебошад, вале дорандаи он метавонад дар ҳудуди Тоҷикистон на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ қарор дошта, аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошад.

Муҳлати амали раводиди электрониро тамдид кардан мумкин аст?

Муҳлати амали раводиди электронӣ тамдид карда намешавад.

© 2024 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, кӯчаи Пушкин 34
E-mail:info@consular.tj