Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ
ва шаҳодатномаи бозгашт
ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад" аз 20 феврали соли 2009, № 624
  • “Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудааст.

Шиносномаи хориҷӣ чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

Шиносномаи хориҷӣ - ҳуҷҷатест, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад.

Шиносномаҳои хориҷӣ чанд намуд мешаванд?

  • шиносномаи дипломатӣ;
  • шиносномаи хизматӣ;
  • шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ.

Шиносномаҳои хориҷӣ аз ҷониби кадом мақомот дода мешаванд?

  • Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа;
  • Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он.

Вазорати корҳои хориҷӣ ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ судур менамояд?

  • Ба хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми сафари корӣ ба хориҷа ё ин, ки барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, инчунин ба аъзоёни оилаҳои онҳо;
  • Ба шаҳрвандоне, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ доранду муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош мекунанд;
  • Ба кормандони шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, ки ба сафарҳои кории хориҷӣ мераванд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳанд?

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳанд?

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кишварҳои хориҷӣ сафар менамоянд.

Шиносномаи дипломатӣ ба киҳо дода мешавад?

а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби матбуотӣ - роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиён ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат), сардори Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шўъбаҳои мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
в) ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ба Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муовинони онҳо;
д) ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони ў, мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, раисони кумита, сардорони хадамотҳо ва директорони агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ва муовинони ў, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр, Раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш. Душанбе;
е) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
ж) ба атташеҳои ҳарбӣ;
з) ба сарварон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
и) ба академикони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
к) ба ҳамсари шахсони мансабдори дар зербандҳои "а,б,в,г,д,е,ж,з" зикргардида, инчунин ба фарзандони (фарзандхондшудагони) онҳо то расидан ба синни 23-солагӣ, ва танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.

Иҷозат барои додани шиносномаҳои дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Шиносномаи дипломатӣ ба кӣ умрбод дода мешавад?

  • Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ў;
  • Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.

Шиносномаи хизматӣ ба кӣ дода мешавад?

  • Ба хизматчиёни давлатие, ки мансабҳои мудирони бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд;
  • Мансабҳои на камтар аз сардори раёсати мустақилро дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд;
  • Раисони шаҳру ноҳияҳо;
  • Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сементи Тоҷик”.

Барои гирифтани шиносномаи дипломатӣ ва хизматӣ кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

  • Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сафари хориҷии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон; супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият; аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва аъзои оилаи онҳо;
  • шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
  • расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
  • нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.

Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

  • шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он ё шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи он;
  • расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ўҳдадоранд, ки мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ўро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян намоянд.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?
  • дархости хаттии ширкатҳо, аризаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тибқи дархости намояндагони қонунии онҳо дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқҳои онҳо;
  • шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ (барои шаҳрвандони синну солашон аз 18 то 27);
  • расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо.

Оё барои шахси ноболиғ дар мавриди сафари мустақил шиносномаи хориҷӣ таҳия карда мешавад?

Шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди ноболиғи то 18 сола, дар мавриди сафари мустақил ё ин ки бо ҳамроҳии яке аз волидон дар асоси розигии дар нотариат тасдиқшудаи волидон ё намояндагони қонунӣ, ё ҳуҷҷате, ки будани волиди дуюмро инкор мекунад (шаҳодатномаи вафот, ҳалномаи суд дар бораи маҳрум кардани ҳуқуқи волидон, қарори суд дар бораи бедарак ғайбзада эълон намудан ва ғайраҳо) ба амал бароварда мешавад.

Ивази шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад?

  • дар мавриди тағйир ёфтани мақоми хизматии соҳиби шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
  • дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;
  • дар мавриди фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
  • дар мавриди гум шудани шиноснома;
  • дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном ва номи падар ва дигар маълумотҳои фардикунонии шахсият.

Шиносномаи нави хориҷӣ бо талаб карда гирифтани шиносномаи пешинаи хориҷӣ, ки мўҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, дода мешавад. Шиносномаи хориҷие, ки мўҳлати амалаш гузаштааст, талаб карда гирифта намешавад.

Агар саҳифаҳои шиносномаи амалкунандаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пур шуда бошаду раводидҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷиро дошта бошад ва ў барои гирифтани шиносномаи нави хориҷӣ дархост карда бошад, шиносномаи хориҷии нав бе талаби шиносномаи хориҷии қаблӣ дода мешавад. Дар ин ҳолат, дар шиносномаи қаблан додашуда, дар кунҷи чапи поёни сурати соҳибаш сўрох карда мешавад.

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби он бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи хориҷӣ муроҷиат намояд.

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, ки фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри ном, насаб ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ва агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, хабар медиҳад. Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ва набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон оиди ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан хабар медиҳад.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ маълумоти гум шудани шиносномаи хориҷиро ба Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

Ҳангоми бозёфти шиносномаи хориҷӣ, ё фавти соҳиби он чӣ бояд кард?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои хориҷии ёфтшуда, инчунин шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони фавтидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ баргардонида мешаванд. Дар хориҷа, ин гуна ҳуҷҷатҳо ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

Дар ҳолати доштани сафарҳои мунтазам ба хориҷи кишвар чӣ бояд кард?

Агар фаъолияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарҳо зиёди берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад (на камтар аз ду маротиба дар як моҳ), ба ў метавонад шиносномаи дуюми хориҷӣ бо мўҳлати амали шиносномаи хориҷии якум дода шавад. Барои тасдиқ намудани сафарҳои зиёд, шахси муроҷиаткунанда бояд шиносномаи амалкунандаи хориҷиро бо нусхаи саҳифаҳои махсуси шиносномаи хориҷӣ бо қайди гузаштани Сарҳади давлатӣ барои муддати ду моҳи охир ва будани на камтар аз чор мўҳр пешниҳод намояд.

Шиносномаҳои хориҷӣ ба кадом мӯҳлат дода мешаванд?

  • Шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 5 сол.
  • Шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ ба мўҳлати 10 сол.
  • Шиносномаҳои дипломатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо ба мўҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оё муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ тамдид карда мешавад?

Муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) тамдид карда намешавад.

Шиносномаи хориҷиро дар кадом муҳлат ба даст овардан мумкин аст?

  • Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15 рўзи корӣ.
  • Ҳангоми ба расмият даровардани шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои табобати таъҷилӣ, бемории ҷиддӣ ё марги хеши наздики дар хориҷа истиқоматкунандааш вобаста бошад, ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ дар муддати се рўзи корӣ бе ситонидани изофапулӣ барои таъҷил баррасӣ карда мешавад. Барои баррасии таъҷилии ариза дар бораи додани шиносномаи хориҷӣ, мактуб ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, барқияи байналмилалии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда ҳамчун асос ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  • Барои баррасии таъҷилии (дар муддати 7 рўзи корӣ) аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми пардохт ба 100%, дар муддати 3 рўзи корӣ ба 200% меафзояд.
  • Ариза оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар кадом муҳлат баррасӣ карда мешавад?

    Чунин ариза дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ карда мешавад.

    Оё аъзоёни оила (фарзандон)-ро дар шиносномаи хориҷӣ номнавис кардан мумкин аст?

    Аъзоёни оила дар шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандӣ) номнавис карда намешаванд.

    Ба кӯдакони то синни 16 сола дар вобастагӣ аз синну сол онҳо ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба муҳлатҳои дахлдор таҳия карда мешавад.

    Дар ҳолатҳои бе роҳбалад ба хориҷа сафар кардани кўдакони ноболиғ, онҳо ғайр аз шиноснома бояд бо худ ризоияти ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи волидайн ё намояндаи қонунии худро бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо дошта бошанд.

    Судури шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолатҳо рад карда мешаванд?

    Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муваққатан дар ҳолатҳои зерин додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар:
    • ў аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани мўҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Мўҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби Комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
    • ў ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст - то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
    • ў барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мўҳлати ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо;
    • ў аз иҷрои ўҳдадориҳои ба дўшаш гузоштаи суд саркашӣ кунад - то иҷрои ўҳдадориҳо;
    • ў дар бораи худ маълумоти бардурўғ дода бошад;
    • нисбат ба ў дар суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то ба охир расидани пешбурди парванда;
    • ў тибқи ҳукми суд ретсидивисти ниҳоят хавфнок дониста шуда бошад ва ё зери назорати маъмурии милитсия қарор дошта бошад - то бартараф гардидани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мўҳлати назорат;
    • ў мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мўҳлати адои хизмати ҳарбӣ.

    Дар кадом ҳолатҳо шиносномаҳои хориҷӣ бозпас гирифта ё аз эътибор соқит дониста мешаванд?

    • дар ҳолатҳои ба муқобили ў оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ;
    • ба охир расидани мўҳлати ваколаташ ҳамчун хизматчии давлатӣ ва ё ба вазифаи дигар гузаштан, ки доштани шиносномаи дипломатӣ ва хизматиро тақозо намекунад.

    Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

    Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 60 рўз дода мешавад.

    Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кадом мақомот ва дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо таҳия карда мешавад?

    Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

    • аризаи муроҷиаткунанда;
    • маълумотномаи шўъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;
    • ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ё аризаи ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи шиносномаҳояшон, ки оид ба мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд ва аз ҷониби корманди консулӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудаанд.

    Дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди (шиносномаи дохилӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарур аст:

    • нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
    • 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;
    • расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).

    • Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида, шаҳодатномаи бозгашт бе ҳамоҳангии иловагӣ дода мешавад.

    • Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида, корманди масъули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маҳаллии он дар мўҳлати 10 рўзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткунанда ҷавоб ирсол менамояд.

    Дар кадом муҳлат Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардан мумкин аст?

    • Муҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 20 рўзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (тафтиши иловагии ҳуҷҷатҳо) мўҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба мўҳлати на зиёда аз 15 рўз тамдид карда шавад.
    • Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.
    • Дар ҳолатҳои истисноии дар мўҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.
© 2017 Адрес: Республика Таджикистан, Душанбе, ул. Пушкина 34
E-mail:info@consular.tj