Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад" аз 20 феврали соли 2009, № 624
- “Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 майи соли 2020, № 294 тасдиқ шудааст.
Шиносномаи хориҷӣ чӣ гуна ҳуҷҷат аст?
Шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷатест, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дорандагони онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Шиносномаҳои хориҷӣ чанд намуд мешаванд?
- шиносномаи дипломатӣ;
- шиносномаи хизматӣ;
- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ.
Шиносномаҳои хориҷӣ аз ҷониби кадом мақомот дода мешаванд?
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (минбаъд муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ судур менамояд?
- Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сафарҳои хизматии хориҷӣ мераванд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд;
- шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ тибқи шартномаҳои байналмилалӣ сафар мекунанд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан будубош мекунанд;
- кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, ки ба сафарҳои хизматии хориҷӣ мераванд.
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳанд?
Ба ҳайати кормандони хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, агар то охири муҳлати амали шиносномаҳои мазкур камтар аз 6 моҳ боқӣ монда бошад, инчунин шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ ё муваққатӣ доранд, медиҳанд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳанд?
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли зисти доимии онҳо ё маҳалли зисти муваққатӣ ё дар маҳалли будубоши онҳо медиҳанд.
Шиносномаи дипломатӣ ба киҳо дода мешавад?
1) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ;
2) Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
4) Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ ва муовинони Прокурори генералӣ, котиби Шӯрои амният ва муовини котиби Шӯрои амният, раиси Палатаи ҳисоб ва муовинони раиси Палатаи ҳисоб, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш.Душанбе;
6) сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ – сардори хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи раёсат), сардори ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи раёсат), муовини сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахшҳои раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳо, инчунин сармутахассисон ва мутахассиси пешбари хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардори корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр", раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
9) ба атташеҳои ҳарбӣ;
10) ба сардорон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини директори бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин ба хизматчиёни давлатие, ки дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор таъин карда мешаванд;
11) ба аъзои оилаи шахсони мансабдори дар зербандҳои 8,9,10 зикргардида танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.
Шиносномаи дипломатӣ ба кӣ якумра дода мешавад?
- Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ;
- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
Шиносномаи хизматӣ ба кӣ дода мешавад?
- Муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ректорони донишгоҳу донишкадаҳо;
- генералҳои дар хизмат қарордошта, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба;
- кормандони маъмурии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо ва ба хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби мутахассисро ишғол менамоянд.
Барои гирифтани шиносномаи дипломатӣ ва хизматӣ кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?
- Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
- мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ; дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият; аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
- нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ;
- шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он барои шаҳрвандони то синни 16;
- нусхаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи тасдиқкунандаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ. Дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян намоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалииэътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ӯ додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад.
Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд.
Оё барои шахси ноболиғ дар мавриди сафари мустақил шиносномаи хориҷӣ таҳия карда мешавад?
Шахрвандон метавонанд аз 16 – солагӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ муроҷиат намоянд. Барои ба расмият даровардани шиносномаи хориҷӣ ба шахси аз 16 то 18 сола ризояти хатии падар ё модар, фарзандхондкунандагон, васиён, парасторон ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда талаб карда мешавад. Барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ ба шахси то 16 – сола дар асоси аризаи хаттии падар ва модар (мувофиқан бо ризояти хаттии модар ва падар), фарзандхондкунанда (мувофиқан бо ризояти хаттии фарзандхондкунандаи дигар), васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар сурати ҳузур надоштани падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда зимни муроҷиат барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ танҳо ризояти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи онҳо ба инобат гирифта мешавад. Ризояти хаттӣ дар ҳолатҳои фавт, фавтида эълон, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф намудан, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарии шахсе, ки ризояташ бояд гирифта шавад, инчунин дар ҳолати модар ё падари танҳо будани ӯ, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда талаб карда намешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барои додани шиносномаи хориҷӣ ба кӯдаки ноболиғ, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Ивази шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад?
- Ҳангоми тағйир ёфтани мақоми хизматии дорандаи шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;
- ҳангоми дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои ворид намудани сабт, қайдҳо ва раводид;
- ҳангоми фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;
- ҳангоми гум шудани шиноснома;
- ҳангоми аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном, номи падар ва дигар маълумоти муайянкунандаи шахсият.
Шиносномаи хориҷии нав бо шарти гирифтани шиносномаи пешинаи хориҷӣ, ки муҳлати амалаш ба итмом нарасидааст, дода мешавад. Муқаррароти банди мазкур ба дорандагони шиносномаҳои дуюми хориҷӣ тааллуқ надорад.
Агар саҳифаҳои шиносномаи амалкунандаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пур шуда бошаду раводидҳои амалкунандаи кишварҳои хориҷиро дошта бошад, шиносномаи хориҷии нав бо дархости шахс метавонад бе гирифтани шиносномаи хориҷии қаблӣ дода шавад. Дар ин ҳолат дар шиносномаи қаблан додашуда дар кунҷи чапи поёни сурати соҳибаш сӯрох карда мешавад. Ба расмият даровардани шиносномаи хориҷии нав мутобиқи талаботи боби 3 Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони он бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ муроҷиат намояд.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, дорандагони он бояд фавран ба мақомоти дахлдори кишвари будубош, инчунин ба муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, ки он фавран ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот бо зикри насаб, ном ва номи падари шахсе, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, силсила ва рақами шиносномаи хориҷӣ, макони (кишвари) гум шудани он ирсол менамояд, ва агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи хориҷиро гум кардааст, ба сафари хизматӣ омада бошад, номи идораеро, ки ба сафари хизматӣ фиристодааст, дарҷ менамояд.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ва набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар, шаҳрванди Тоҷикистон уҳдадор аст оид ба ҳодисаи баамаломада фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош ва сипас ба муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари наздиктарин ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирифтани шиносномаи хориҷӣ ё шаҳодатномаи бозгашт хабар медиҳад.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ уҳдадоранд, ки оид ба гум шудани шиносномаи хориҷӣ ба қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.
Ҳангоми бозёфти шиносномаи хориҷӣ, ё фавти соҳиби он чӣ бояд кард?
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои хориҷии ёфтшуда, инчунин шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони фавтидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ супорида мешаванд. Дар хориҷа ин гуна ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, ки шиносномаро додаанд, фиристода мешаванд.
Дар ҳолати доштани сафарҳои мунтазам ба хориҷи кишвар чӣ бояд кард?
Агар агар фаъолияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафарҳои зиёди берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад, ба ӯ метавонад шиносномаи дуюми хориҷӣ бо муҳлати амали шиносномаи хориҷии якум дода шавад. Барои тасдиқ намудани сафарҳои зиёд шахси муроҷиаткунанда бояд шиносномаи амалкунандаи хориҷиро бо нусхаи саҳифаҳои махсуси шиносномаи хориҷӣ бо на камтар аз чор қайд дар бораи убури сарҳади давлатӣ дар муддати ду моҳи охир пешниҳод намояд.
Шиносномаҳои хориҷӣ ба кадом мӯҳлат дода мешаванд?
- Шиносномаи дипломатӣ - ба муҳлати 5 сол;
- шиносномаи хизматӣ - ба муҳлати 5 сол;
- шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ - ба муҳлати 10 сол.
Шиносномаҳои дипломатии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Оё муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ тамдид карда мешавад?
Муҳлати амали шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дипломатӣ, хизматӣ, умумишаҳрвандӣ) тамдид карда намешавад.
Шиносномаи хориҷиро дар кадом муҳлат ба даст овардан мумкин аст?
- Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
- Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати хизматӣ (барои кормандони мақомоти давлатӣ), табобати таъҷилӣ, бемории вазнин ё марги хеши наздики дар хориҷа истиқоматкунандааш, шиносномаи хориҷӣ дар муддати 3 рӯзи корӣ бе ситонидани пардохт барои фаврият ба расмият дароварда мешавад. Барои барасмиятдарории таъҷилии шиносномаи хориҷӣ мактуб оид ба сафари хизматии таъҷилӣ ё маълумотномаи муассисаи тиббӣ, барқияи байналмилалии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда асос мебошад.
- Аризаҳои шаҳрвандон барои додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ мешаванд.
- Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
- дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;
- дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.
Ариза оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом муҳлат баррасӣ карда мешавад?
Чунин ариза дар муддати на бештар аз як моҳ баррасӣ карда мешавад.
Оё аъзоёни оила (фарзандон)-ро дар шиносномаи хориҷӣ номнавис кардан мумкин аст?
Аъзоёни оила дар шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандӣ) номнавис карда намешаванд.
Ба кӯдакони то синни 16 сола дар вобастагӣ аз синну сол онҳо ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба муҳлатҳои дахлдор таҳия карда мешавад.
Дар ҳолатҳои бе роҳбалад ба хориҷа сафар кардани кӯдакони ноболиғ, онҳо ғайр аз шиноснома бояд бо худ ризоияти ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи волидайн ё намояндаи қонунии худро бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо дошта бошанд.
Судури шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолатҳо рад карда мешаванд?
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муваққатан дар ҳолатҳои зерин додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар:
- ӯ аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани муҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Муҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби Комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
- ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, то баровардани қарор аз рӯи парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
- барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, то адои (иҷрои) ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо, ба истиснои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;
- аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммааш гузоштаи суд саркашӣ кунад, то иҷрои уҳдадориҳо ё то ба мувофиқа расидани тарафҳо;
- маълумоти бардурӯғ дода бошад;
- нисбати ӯ иҷрои қарори суд оид ба манъи муваққатии баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда бошад – то бекор кардани манъкунӣ;
- дар кофтукови ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноят қарор дошта бошад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад – то ба итмом расидани муҳлати адои хизмати ҳарбӣ;
Дар кадом ҳолатҳо шиносномаҳои хориҷӣ бозпас гирифта ё аз эътибор соқит дониста мешаванд?
- Ба шиноснома ғайриқонунӣ ворид намудани тағйирот вобаста ба мушаххасгардонии шахсият;
- ба охир расидани ваколати хизматчии давлатӣ ё ба дигар кор гузаштани ӯ, ки дар он ҳуқуқ ба гирифтани шиносномаи дипломатӣ ва хизматӣ пешбинӣ нашудааст;
- сохтакории шиносномаҳо;
- муқаррар гардидани далели додани шиноснома аз рӯи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё ғайриқонунӣ гирифташуда;
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар ҳолатҳои дигари пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?
Шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, ки ба муҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода шудааст.
Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кадом мақомот ва дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо таҳия карда мешавад?
Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- аризаи муроҷиаткунанда, ки намунааш аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳия ва тасдиқ мегардад;
- маълумотномаи шуъбаи корҳои дохилӣ ё мақомоти дигари дахлдори давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба далели муроҷиати ин шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома;
- ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира).
Дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди (шиносномаи дохилӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарур аст:
- нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ (баъд аз санҷиши аслияти онҳо) ва дар сурати набудани онҳо дар асоси нусхаи шакли №1 ва ё маълумотнома аз махзани ягонаи таҳияи шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуди кӯдак то яксолагӣ расидани кӯдак, агар шаҳодатномаи таваллуд дода нашуда бошад;
- 2 акси рангаи андозааш 3х4;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок амалӣ карда шавад).
Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида, шаҳодатномаи бозгашт бе ҳамоҳангии иловагӣ дода мешавад.
- Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди 60 корманди ваколатдори муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он муроҷиат менамояд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он дар давоми на кам 5 рӯзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткунанда ҷавоб ирсол менамояд.
Дар кадом муҳлат Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардан мумкин аст?
- Муҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 10 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (санҷиши иловагии ҳуҷҷатҳо), муҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯз тамдид карда шавад.
- Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои будубош дар хориҷа асос шуда наметавонад.
- Дар ҳолатҳои номумкин будани баргаштани шаҳрванд дар муҳлати муқарраргардида (ҳолатҳои фавқулода, бемории вазнин ва ҳолатҳои дигари аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд ва ё дархости асосноки мақомоти дахлдори кишвари хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ дубора ба муҳлати 30 рӯз содир карда шавад.