Шиносномаи дипломатӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои дипломатӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
· дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;
· дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.
Андозаи хироҷи шиносномаи дипломатӣ тибқи қонунгузории кишвар дар ҳаҷми 125 доллари ИМА (бо сомонӣ дар рӯзи пардохт тибқи қурби асъори Бонки миллӣ ҳисоб карда мешавад, муқаррар шудааст.
Шиносномаи дипломатӣ бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи дипломатӣ дорад, ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, барои дастрас намудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида муроҷиат менамояд.
Шиносномаи дипломатӣ ба муҳлати 5 сол дода мешавад. Шиносномаҳои дипломатии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, ба шахсони зерин дода мешавад:
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ;
2. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
4. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ ва муовинони Прокурори генералӣ, котиби Шӯрои амният ва муовини котиби Шӯрои амният, раиси Палатаи ҳисоб ва муовинони раиси Палатаи ҳисоб, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
6. Сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи раёсат), сардори ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи раёсат), муовини сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахшҳои раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳо, инчунин сармутахассисон ва мутахассиси пешбари хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардори корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии ҷамъяти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", директори генералии ҷамъяти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
8. ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
9. ба атташеҳои ҳарбӣ;
10. ба сардорон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини директори бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин ба хизматчиёни давлатие, ки дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор таъин карда мешаванд;
11. ба аъзои оилаи шахсони мансабдори дар зербандҳои 8, 9, 10 зикргардида танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.
Эзоҳ: Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, шиносномаҳои дипломатӣ якумра дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ танҳо мутобиқи рӯйхати болозикр дар асоси дархостҳои вазорату идораҳо (ба истиснои Вазорати корҳои хориҷӣ), ки бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, дода мешаванд. Баробаркунӣ ё мутобиқгардонии мансабҳо барои гирифтани шиносномаҳои болозикр манъ аст.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки дар рӯйхати мазкур пешбинӣ нашудаанд, метавонанд шиносномаҳои дипломатӣ дода шаванд.