САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сомона дар ҳолати оғози техникист. Агар хатогие пайдо шавад, лутфан ба почтаи зерин хабар диҳед: info@consular.tj

Тартиби гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи он таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. 

Шиносномаи мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, дода мешавад.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ин Вазорати корҳои хориҷӣ, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафорат ва муассисаҳои консулӣ), Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои ҳудудии он мебошанд. 

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷиро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли зисти доимии онҳо ё маҳалли зисти муваққатӣ ё дар маҳалли будубоши онҳо медиҳанд.

Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

 - шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба мансубияти кӯдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд бо штамп ва муҳри тасдиқкунандаи мансубияти кӯдак ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ додашуда, ки мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, пешниҳод карда мешавад;

- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд.

Дархостҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешаванд. 

Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ оид ба таҳияи шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:

         - дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;

         - дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.

Маълумоти бештар, аз ҷумла номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳаҷми хироҷ, рӯзҳои қабул ва тамоси воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаи таҳияи шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз Хадамоти шиносномавию бақайдгиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда метавонед.