Шиносномаи дипломатӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
- амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
- мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ, дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ
- аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз хироҷ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
- нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.
Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои дпломатӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
- дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;
- дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.
Шиносномаи дипломатӣ бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи дипломатӣ дорад, ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, барои дастрас намудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида муроҷиат менамояд.
Шиносномаи дипломатӣ
ба муҳлати 5 сол дода мешавад. Шиносномаҳои дипломатии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, ба
шахсони зерин дода мешавад:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ;
- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ ва муовинони Прокурори генералӣ, котиби Шӯрои амният ва муовини котиби Шӯрои амният, раиси Палатаи ҳисоб ва муовинони раиси Палатаи ҳисоб, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш.Душанбе;
- Сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ – сардори хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи раёсат), сардори ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи раёсат), муовини сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахшҳои раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳо, инчунин сармутахассисон ва мутахассиси пешбари хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардори корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр", раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ва президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
- ба атташеҳои ҳарбӣ;
- ба сардорон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини директори бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин ба хизматчиёни давлатие, ки дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор таъин карда мешаванд;
- ба аъзои оилаи шахсони мансабдори дар зербандҳои 8,9,10 зикргардида танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.
Шиносномаи дипломатӣ
якумра ба Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дода мешавад.