Бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иҷрои хизматрасониҳои зерини консулӣ талаб карда мешавад:
- барасмият даровардани тасдиқи даъват ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъйиди консулӣ ва гузоштани муҳри апостил дар ҳуҷҷат ва санадҳо;
- гузоштани муҳри “хизматӣ” барои сафар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой
Барои дархосткунандагоне, ки тибқи тартиб аз қайд нагузаштаанд ё аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, хизматрасонии консулӣ анҷом дода намешавад.
Барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар Сарраёсати консулӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
Барои бақайдгирӣ ҷиҳати таҳияи тасдиқи даъват ва ба расмият даровардани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
а) Барои шахсони воқеӣ:
- ариза;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.
б) Барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ:
- дархост бо муҳр ва имзои роҳбар;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ваколатнома оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;
- маълумотнома оид ба фаъолияти корӣ;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.
в) Барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:
- дархост бо муҳр ва имзои роҳбар;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои шахсони ҳуқуқӣ);
- нусхаи иҷозатнома, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашавандаи мушаххас ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дода шудааст;
- нусхаи шиносномаи роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- намунаи бланк, муҳр ва имзои роҳбар ё ӯро ивазкунандаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- ваколатномаи оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;
- маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои маъмурии он оид ба ҳолати қарздории шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- нақшаи ҷалби мутахассисони хориҷӣ;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ оид ба бақайдгирӣ.
Барои бақайдгирӣ ҷиҳати таъйиди консулӣ ва гузоштани муҳри апостил ба ҳуҷҷатҳо ва санадҳо бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
а) Барои шахсони воқеӣ:
- ариза;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.
б) Барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ
- дархост бо муҳр ва имзои роҳбар;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- ваколатнома оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;
- маълумотнома оид ба фаъолияти корӣ;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.
в) Барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:
- дархост бо муҳр ва имзои роҳбар;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.
Барои бақайдгирӣ ҷиҳати гузоштани муҳри сирешимии «хизматӣ» барои сафар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой шахси ҳуқуқӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- дархост бо муҳр ва имзои роҳбар;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
- нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ;
- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи шиносномаи роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- намунаи бланк, муҳр ва имзои роҳбар ё ӯро ивазкунандаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- ваколатномаи оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;
- маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои маъмурии он оид ба ҳолати қарздории шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ оид ба бақайдгирӣ.
- иҷозатномаи дар бораи фаъолияти сайёҳӣ.
Бақайдгирӣ дар муҳлати то 5 рӯзи корӣ, аз санаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо анҷом дода мешавад.
Бақайдгирӣ аз санаи ба расмият даровардан то як сол амал мекунад.
Дархост оид ба бақайдгирӣ дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад:
- пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;
- пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ;
- дар ҳолати ваколатномаи зиёда аз як ширкатро доштани шахси мутасаддӣ;
Дар ҳолати барҳам хӯрдан, қатъ гардидани фаъолият ё азнавташкилёбӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд оид ба ҳолати мазкур дар давоми 10 рӯз ба Сарраёсати консулӣ хабар диҳад.
Тартиби азнавбақайдгирӣ
Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодяҳои ҷамъиятии байналмилалӣ соле як маротиба дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд.
Ҳуҷҷатҳо барои азнавбақайдгирӣ бояд як моҳ қабл то санаи ба анҷом расидани мӯҳлати амали бақайдгирӣ пешниҳод гарданд.