CONSULAR DEPARTMENT
OF THE MINISTRY OF FOREIGN AFFAIRS
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
This website is currently in technical launch mode. If you encounter any errors, please report them via email to: info@consular.tj

Certificate of return to the Republic of Tajikistan

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, ки ба муҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода шудааст.
Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- аризаи муроҷиаткунанда;
- маълумотномаи шуъбаи корҳои дохилӣ ё мақомоти дигари дахлдори давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба далели муроҷиати ин шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома;
- ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира).    
Дар ҳолати набудан ва ё гум кардани шиносномаи шаҳрванди (шиносномаи дохилӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарур аст, ки муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд: 
а) нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ (баъд аз санҷиши аслияти онҳо) ва дар сурати набудани онҳо дар асоси нусхаи шакли №1 ва ё маълумотнома аз махзани ягонаи таҳияи шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуди кӯдак то яксолагӣ расидани кӯдак, агар шаҳодатномаи таваллуд дода нашуда бошад;
в) 2 акси рангаи андозааш 3х4;    
г) расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок амалӣ карда шавад).
Муҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 10 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (санҷиши иловагии ҳуҷҷатҳо), муҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯз тамдид карда шавад.    
Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои будубош дар хориҷа асос шуда наметавонад.    
Дар ҳолатҳои номумкин будани баргаштани шаҳрванд дар муҳлати муқарраргардида (ҳолатҳои фавқулода, бемории вазнин ва ҳолатҳои дигари аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд ва ё дархости асосноки мақомоти дахлдори кишвари хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ дубора ба муҳлати 30 рӯз содир карда шавад.
Маълумоти бештар, аз ҷумла номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳаҷми хироҷ (агар мӯзднок бошад дар муассисаи хориҷӣ), рӯзҳои қабул ва тамоси шуъбаҳои консулиро вобаста ба масъалаи таҳияи шаҳодатномаи бозгашт аз сомонаҳои муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед: 

Ҷумҳурии Австрия 
Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Арабистони Саудӣ
Ҷумҳурии Беларус
Шоҳигарии Белгия
Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Давлати Кувайт
Малайзия
Ҷумҳурии Арабии Миср
Ҷумҳурии Озарбойҷон
Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Ҷумҳурии Исломии Покистон
Федератсияи Русия
Ҷумҳурии Туркия
Туркманистон
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Украина
Ҷумҳурии Фаронса
Ҷумҳурии Халқии Хитой
Швейтсария
Ҷумҳурии Исломии Эрон
Ҷумҳурии Қазоқистон
Давлати Қатар
Ҷумҳурии Қирғизистон
Ҷумҳурии Ҳиндустон
Ҷопон
Ҷумҳурии Корея

What country are you located in?