Меъёрҳои хироҷи консулӣ
Замимаи 6 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2025, №476
Шиносномаҳои хориҷӣ ва амалҳои марбут
|
| 1.1 | 1.1Барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои нишондиҳандаи электронӣ (шиносномаҳои биометрӣ): | |
| дипломатӣ | 125 USD |
| хизматӣ | 100 USD |
| умумишаҳрвандии хориҷӣ | 75 USD |
| барои кӯдакони то 16-сола | 25 USD |
| 1.2 | 1.2Барои ворид намудани навиштаҷоти дорои хусусияти ҳуқуқӣ ба шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон | 10 USD |
| 1.3 | 1.3Барои гузоштани муҳри хизматӣ ба шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин. Барои кормандони вазорату идораҳое, ки ба сафари хизматӣ мераванд, ин амал ройгон аст | 50 USD |
Барои додани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида намешавад, агар тарифҳои алоҳидаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд, тартиби дигарро пешбинӣ накунанд.
Даъватномаҳо ва раводидҳо
|
| 1.4 | 1.4Барои тасдиқи даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (барои ҳар кас) | 10 USD |
| 1.5 | 1.5Барои баррасии дархост оид ба додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
| барои шахсони воқеӣ (барои ҳар кас) | 1 USD |
| барои шахсони ҳуқуқӣ (барои ҳар кас) | 2 USD |
| 1.6 | 1.6Барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд: | |
| ба муҳлати то 3 рӯз | 15 USD |
| ба муҳлати то 7 рӯз | 30 USD |
| ба муҳлати то 14 рӯз | 40 USD |
| ба муҳлати то 1 моҳ | 50 USD |
| ба муҳлати то 45 рӯз | 60 USD |
| ба муҳлати то 2 моҳ | 65 USD |
| ба муҳлати то 3 моҳ | 70 USD |
| ба муҳлати то 4 моҳ | 80 USD |
| ба муҳлати то 5 моҳ | 90 USD |
| ба муҳлати то 6 моҳ | 100 USD |
| ба муҳлати то 7 моҳ | 120 USD |
| ба муҳлати то 8 моҳ | 140 USD |
| ба муҳлати то 9 моҳ | 160 USD |
| ба муҳлати то 10 моҳ | 180 USD |
| ба муҳлати то 11 моҳ | 200 USD |
| ба муҳлати то 1 сол | 220 USD |
| ба муҳлати то 2 сол | 350 USD |
| ба муҳлати то 3 сол | 450 USD |
| ба муҳлати то 4 сол | 550 USD |
| ба муҳлати то 5 сол | 650 USD |
| барои барқарор намудани раводид | 20 USD |
| 1.7 | 1.7Барои додани раводидҳои хуруҷӣ: | |
| ба муҳлати то 3 рӯз | 20 USD |
| ба муҳлати то 7 рӯз | 30 USD |
| 1.8 | 1.8Барои додани раводид ба шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон | |
| ба муҳлати то 1 сол | 50 USD |
| ба муҳлати то 2 сол | 100 USD |
| ба муҳлати то 3 сол | 150 USD |
| 1.9 | 1.9Барои додани раводидҳои транзитӣ ба муҳлати то 72 соат | 30 USD |
| 1.10 | 1.10Барои додани раводиди сайёҳӣ: | |
| ба муҳлати то 60 рӯз, яккарата | 30 USD |
| ба муҳлати то 60 рӯз, бисёркарата | 50 USD |
- Барои додани раводид ба шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди то 16-сола хироҷи консулӣ 30 доллари ИМА ситонида мешавад, новобаста аз муҳлат ва теъдоди вуруди раводид;
- Барои гузаштани муҳлати раводид хироҷи консулӣ зиёд мешавад: то 5 рӯз — 50 доллари ИМА, аз 6 то 15 рӯз — 100 доллари ИМА, аз 16 то 30 рӯз — 200 доллари ИМА ва барои ҳар моҳи минбаъда — 100 доллари ИМА;
- Барои додани раводиди бисёркарата меъёри хироҷи консулӣ 40 доллари ИМА зиёд мешавад;
- Дар сурати кӯтоҳ кардани муҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани раводид метавонад раводиди хуруҷиро бе ситонидани хироҷи консулӣ диҳад.
Легализатсия, апостил ва дархости ҳуҷҷатҳо
|
| 1.11 | 1.11Агар аз принсипи мутақобила ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар барнаяд | 100 USD |
| 1.12 | 1.12Барои легализатсияи ҳуҷҷатҳо ва баррасии ариза оид ба гузоштани апостил: | |
| а) Барои легализатсияи ҳуҷҷатҳо: | |
| барои шахсони воқеӣ | 10 USD |
| барои шахсони ҳуқуқӣ | 50 USD |
| б) Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил: | |
| барои шахсони воқеӣ | 10 USD |
| барои шахсони ҳуқуқӣ | 50 USD |
| 1.13 | 1.13Барои дархости ҳуҷҷатҳо (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад) | |
| барои ҳар ҳуҷҷат | 20 USD |
Эзоҳ ба 1.13.
- Агар ҳуҷҷат ё маълумот дар бораи он ёфт нашавад, хироҷ ба аризадиҳанда баргардонида намешавад;
- Меъёри зербанди «б»-и банди 1.12 инчунин аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Амалҳои нотариалӣ, нақлиёт ва шаҳрвандӣ
|
| 1.14 | 1.14Барои анҷом додани амалҳои нотариалӣ (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа ситонида мешавад): | |
| тасдиқи шартнома | 30 USD |
| тасдиқи васиятнома | 30 USD |
| тасдиқи ваколатнома | 30 USD |
| андешидани чораҳо оид ба ҳифзи молу мулки меросӣ | 1% аз арзиши молу мулк, вале на камтар аз 20 доллари ИМА |
| додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳисса дар молу мулки умумии ҳамсарон | 30 USD |
| додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос | 30 USD |
| тасдиқи мутобиқати нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳо аз онҳо (барои як саҳифа): | |
| а) аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон | 5 USD |
| б) аз шаҳрвандони хориҷӣ | 10 USD |
| тасдиқи аслияти имзо дар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла имзои тарҷумон (барои ҳар имзо) | 10 USD |
| тасдиқи дурустии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар (барои ҳар саҳифа), агар корманди муассисаи консулӣ он забонро донад | 5 USD |
| тасдиқи далели дар қайди ҳаёт будани шаҳрванд | 10 USD |
| тасдиқи далели дар ҷои муайян қарор доштани шаҳрванд | 10 USD |
| тасдиқи мутобиқати шаҳрванд бо шахси дар акс тасвиршуда | 10 USD |
| тасдиқи вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо | 10 USD |
| Қабули маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок ба депозит | 0,2% аз маблағи умумӣ, ҳар моҳ |
| Гузоштани навиштаҷоти иҷроӣ | 10 USD |
| Қабули ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ | 10 USD |
| Таъмини далелҳо | 20 USD |
| Эътирози баҳрӣ | 20 USD |
| 1.15 | 1.15Амалҳои консулӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоии гражданӣ ва ҳарбии боркаш ва мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон анҷом дода мешаванд, ба истиснои амалҳои дар бандҳои зерин пешбинишуда: | |
| додани шаҳодатномаи муваққатӣ дар бораи ҳуқуқи шинокунӣ зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуқуқ ба киштӣ (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) | 100 USD |
| тамдиди муҳлати амали ҳуҷҷатҳои киштӣ ва барасмиятдарории маҷаллаҳои киштӣ (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) | 50 USD |
| тасдиқи шаҳодатномаи санитарӣ (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) | 50 USD |
| додани шаҳодатнома дар бораи боркунӣ ё борфарории киштие, ки зери парчами хориҷӣ шино мекунад, ва тасдиқи дигар маълумотномаҳо ва эъломияҳо (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) | 50 USD |
| 1.16 | 1.16Барои барасмиятдарории шиносномаҳо, дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад): | |
| барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои нишондиҳандаи электронӣ (шиносномаи биометрӣ) тавассути ҷамъоварии маълумоти биометрӣ бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 100 USD |
| барои ба қайди консулӣ гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа барои зисти доимӣ ва муваққатии тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) қарор доранд | ройгон |
| барои барасмиятдарории дархостҳо оид ба баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 200 USD |
| барои барасмиятдарории дархостҳо оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 200 USD |
| барои барасмиятдарории дархостҳо оид ба барқарор намудан дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 200 USD |
Эзоҳ ба 1.16.
Дар сурати қонеъ нагардидани дархост, хироҷ ба аризадиҳанда баргардонида намешавад.
Санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар хизматҳо
|
| 1.17 | 1.17Хироҷҳо барои амалҳо оид ба санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешаванд): | |
| барои баррасии ариза дар бораи бастани ақди никоҳ | 20 USD |
| барои бақайдгирии никоҳ ва додани шаҳодатнома дар ин бора | 30 USD |
| барои бақайдгирии бекор кардани никоҳ ва додани шаҳодатнома дар ин бора: | |
| а) бо ризоияти мутақобилаи ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ ва баҳси молумулкӣ надоранд | 30 USD |
| б) дар асоси қарори суд | 20 USD |
| барои бақайдгирӣ ва бекор кардани никоҳ бо шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ғоиб ё ғайриқобили амал эътироф шудаанд, аз сабаби бемории рӯҳӣ ё заифии ақл, ё бо шахсоне, ки барои ҷиноят маҳкум шуда, ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати на камтар аз 3 сол маҳкум гардидаанд | 20 USD |
| барои бақайдгирии таваллуди кӯдак ва додани шаҳодатномаи таваллуд | 15 USD |
| барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир, илова, ислоҳ ва барқарор намудани сабтҳои санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ (агар сабт дар ҳамон намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа анҷом дода шуда бошад) | 15 USD |
| барои барасмиятдарории мавод оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар, ба истиснои ҳолатҳои вобаста ба бастани никоҳ, инчунин барои бақайдгирии иваз намудани миллат (тағйиротҳоро раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад) | 15 USD |
| барои додани шаҳодатномаҳои такрории бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯи маводи бойгонӣ | 30 USD |
| барои додани шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, фарзандхондӣ | 30 USD |
| 1.18 | 1.18Барои додани гунаҳои гуногуни маълумотномаҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ, ки дар бандҳои 1.1–1.17 зикр нашудаанд (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад) | 20 USD |
| 1.19 | 1.19Барои баррасии дархост оид ба додани раводиди электронӣ: | |
| яккарата ба муҳлати то 60 рӯз | 30 USD |
| бисёркарата дар давоми то 60 рӯз | 50 USD |
| иҷозатномаи вуруд ба ВМКБ | 20 USD |
| 1.20 | 1.20Бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешаванд | 30 USD |
| 1.21 | 1.21Барои додани иҷозат барои ташрифи ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳангоми барасмиятдарории раводид аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ҳангоми барасмиятдарории раводиди электронӣ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 20 USD |