Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ уҳдадоранд, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ ё корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (танҳо барои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ) аз қайд гузаранд, ба истиснои шаҳрвандони кишварҳое, ки дар асоси созишномаҳои дахлдор аз бақайдгирӣ ба муҳлатҳои муайян озод мебошанд.
ДИҚҚАТ: Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки на зиёда аз 10 рӯзи корӣ аз санаи вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар будубош намуда, дар ҳамин муҳлат хориҷ мешаванд, худро ба қайд гирифтан ҳатмӣ нест.
Ташкилотҳо ва шахсони қабулкунанда, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардаанд, инчунин шахсоне, ки дар манзили онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд истиқомат мекунанд, уҳдадоранд онҳоро дар муддати 10 рӯзи корӣ аз рӯзи омадани онҳо дар мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист ё мақомоти корҳои хориҷӣ ба қайд гиранд, ба истиснои рӯзҳои истироҳатӣ ва идҳо, агар тартиби дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешбинӣ нашуда бошад.
Бақайдгирии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бераводидӣ ворид шудаанд, ба муҳлати зарурӣ, на бештар аз муҳлати муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст ва муҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷӣ, вале на зиёда аз 1 сол ба расмият дароварда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани маҳалли истиқомат аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои корҳои хусусӣ омадаанд, онҳо уҳдадоранд шахсан дар муддати 5 рӯз мақомоти корҳои дохилиро оид ба тағйир додани маҳалли истиқомат барои азнавбақайдгирии онҳо дар ҷойи нави будубош огоҳ намоянд. Дар ҳолате, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо даъвати ташкилотҳои қабулкунанда омадаанд ва дар мақомоти корҳои дохилӣ ё мақомоти корҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, чунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар муҳлати 3 рӯз ба ташкилоти қабулкунанда оид ба иваз намудани ҷойи зисти худ хабар медиҳанд, ки онҳо дар навбати худ дар муддати 2 рӯз мақомоти корҳои дохилӣ ё мақомоти корҳои хориҷиро дар шакли хаттӣ огоҳ менамоянд.
Мутобиқи моддаҳои 33 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон"Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"Қоидаҳои мазкур ба имтиёз ва масунияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва шаҳрвандони хориҷии ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар шудаанд, дахолат намекунад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан истиқомат мекунанд, уҳдадоранд бо худ шиносномаи хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба қайд гирифташударо, дошта бошанд ва онро бо дархости намояндагони мақомоти ваколатдор пешниҳод намоянд.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои хориҷии шахсони зерин ба қайд гирифта мешаванд:
- роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва муассисаҳои консулӣ, аъзои ҳайати дипломатӣ, шахсони мансабдори консулӣ, ҳайати маъмурию техникии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, кормандони дастгоҳи мушовараи ҳарбӣ ва намояндагиҳои тиҷоратӣ бо ҳамсарон, фарзандон, волидон, шахсони дар таъминоти онҳо қарордошта, инчунин меҳмонони роҳбарони намояндагиҳои хориҷии дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, агар ин меҳмонон дар қароргоҳи онҳо ё дар ҳудуди намояндагиҳо ва муассисаҳои зикргардида зиндагӣ кунанд;
- кормандони идораҳои корҳои хориҷии давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корҳои хизматӣ омадаанд, шиносномаҳои дипломатӣ ё хизматӣ доранд ва аъзои оилаи онҳо;
- шахсони мансабдори ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони намояндагиҳои ташкилотҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо корҳои хизматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, ҳамчунин кормандони намояндагиҳои кишварҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қароргоҳ дошта, тибқи ҳуҷҷатҳои оинномавии ташкилотҳои зикршуда ё шартномаҳои байналмилалии дахлдор аз имтиёзҳои дипломатӣ истифода мебаранд, ҳамчунин аъзои оилаҳои онҳо;
- рӯзноманигорони хориҷӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд.
Аз ҷониби мақомоти корҳои хориҷӣ ба шахсони зерин варақа дода мешавад: сафир - А; дипломатӣ - D; хизматрасонӣ - S; консули фахрӣ - НС; аккредитатсия - O ё ин ки дар шиносномаи хориҷии онҳо бевосита оид ба бақайдгирӣ сабт гузаронида мешавад. Шахсони дар ҳамин банд номбаркардашуда аз бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод карда мешаванд.
Ба мақомоти корҳои хориҷӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки дар ҳолатҳои зарурӣ бақайдгирии шиносномаҳои хориҷии ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро анҷом диҳад, ҳамчунин агар ташкилотҳои қабулкунанда, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар ин бобат муроҷиат намоянд, бақайдгирии шиносномаҳои хориҷии кормандони ташкилотҳои байналмилалиро амалӣ намояд.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие ба қайд гирифта мешавад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои: корҳои хусусӣ, барои истиқомати доимӣ, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо - дар асоси ариза; барои амалисозии фаъолияти меҳнатӣ, барои таҳсил, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, баланд бардоштани тахассус, корҳои хизматӣ, мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ барои кор ворид шуданд, инчунин бо раводидҳои навъи: сармоягузорӣ"С", корӣ"К", минтақаи озоди иқтисодӣ"МОИ", табширӣ"ТБ", башардӯстона"Б"- дар асоси даъватномаҳои хаттии ташкилотҳои қабулкунанда ворид шудаанд. Дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин аъзои оилаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар банди мазкур пешбинишуда ба қайд гирифта мешаванд.
Аз бақайдгирии шиносномаҳои хориҷӣ шахсони зерин озод карда мешаванд:
- роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати вакилони парлумон ва ҳукумат, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, кормандони техникии ин ҳайатҳо, аъзои оилаи шахсони номбаршуда;
- шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид додашуда омадаанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба синни 16 нарасидаанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ид ва истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) ё ба муддати то 10 рӯзи корӣ ва дар ин рӯзҳо баромада рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бо раводидҳои сайёҳӣ ва электронии сайёҳӣ омадаанд - ба муҳлати 60 рӯзи тақвимӣ;
- аъзои ҳайати экипажҳои ҳавопаймоҳои ҳарбии хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳаракати онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари калони горнизон мувофиқи нақшаи қабули ҳавопаймоҳои низомӣ рухсат дода мешавад;
- шахсоне, ки ба ҳайати экипажҳои киштиҳои ҳавоии шаҳрвандии хатҳои ҳавоии байналмилалӣ шомил ҳастанд, ҳангоми дар фурудгоҳи дар ҷадвали амалкунандаи ҳаракат зикршуда қарор доштани онҳо;
- шахсоне, ки ба ҳайати экипажи воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ шомил ҳастанд ва интиқоли бор ва мусофиронро дар алоқаи роҳи байналмилалӣ амалӣ месозанд, ҳангоми дар шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини самти интиқоли борҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои таъинот қарор доштани онҳо.
Муҳлати иҷозати додашуда барои истиқомати муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаштани муҳлати раводид ва (ё) бақайдгирӣ анҷом меёбад, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд то ба охир расидани муҳлати эътибори он Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд.
Ҳангоми тамдид намудани муҳлати истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ уҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида то анҷоми муҳлати будубош, сари вақт муҳлати раводидро дар мақомоти корҳои хориҷӣ тамдид кунанд ва муҳлати бақайдгириро дар мақомоти салоҳиятдоре, ки онҳо ба қайд гирифта шудаанд, тамдид намоянд.
