Бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсати консулӣ
Меъёри хироҷи консулӣ
| Номгӯй | Меъёри хироҷ (доллари ИМА) |
|---|---|
| Бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешаванд | 30 USD |
Тартиби бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешавад (минбаъд-Тартиб) қоидаи бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва таҳия намудани варақаи бақайдгириро аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сарраёсати консулӣ) ба танзим дароварда, нигоҳ доштан ва таҳлили маълумотро дар бораи шахсони бақайдгирифташуда ва азнавбақайдгирифташуда муайян менамояд.
Барои дархосткунандагоне, ки тибқи тартиб аз қайд нагузаштаанд ё аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, хизматрасонии консулӣ анҷом дода намешавад.
Барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар Сарраёсати консулӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
Барои бақайдгирӣ ҷиҳати таҳияи тасдиқи даъват ва ба расмият даровардани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:
