Тасдиқи даъват

Меъёри хироҷи консулӣ

НомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
Барои тасдиқи даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (барои ҳар кас)10 USD
Дар ҷадвали хироҷҳо кушодан

Тасдиқи даъват ҳуҷҷатест, ки дар асоси он шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ метавонад раводиди навъи муносибро дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои консулӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба даст орад.
Тасдиқи даъват аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости ҷониби даъваткунанда вобаста ба мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ ба расмият дароварда мешавад.
Рад кардани додани тасдиқи даъват асоснок карда намешавад.

Вобаста ба саволҳои дигар, Шумо метавонед ба
Маркази тамоси Сарраёсати консулӣ бо рақами +992 44 610 20 20 занг занед.