Апостил

Меъёри хироҷи консулӣ

НомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
а) Барои легализатсияи ҳуҷҷатҳо:
барои шахсони воқеӣ10 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ50 USD
б) Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил:
барои шахсони воқеӣ10 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ50 USD
Дар ҷадвали хироҷҳо кушодан

Апостил (аз калимаи фаронсавӣ Apostille) — шакли пуркунии стандартикунонидашудаи байналмилалии идоракунӣ доир ба қонунии ҳуҷҷат барои пешниҳод дар қаламрави мамлакатҳои аъзои Конвенсияи Гаага доир ба Апостил мебошад. Апостил, аслияти имзо, мӯҳр ё штампи ҳуҷҷати расмиро тасдиқ намуда, дар шакли чопӣ бо акси мӯҳр ва имзои корманди мақомоте, ки гузоштани Апостилро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, дода мешавад. Апостил танҳо пайдоиши ҳуҷҷати расмиро тасдиқ мекунад: аслияти имзоҳо, ҳайси шахсе, ки ҳуҷҷатро имзо кардааст, аслияти мӯҳр ё штампе, ки дар ин ё он ҳуҷҷат акс ёфтааст, аммо на мазмуни онро. Штампи «Apostille» ба ҳуҷҷатҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳо гузошта мешавад. Мақомотҳои давлатӣ, ки ваколати гузоштани Апостилро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, инҳо мебошанд:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷатҳо аз мақомоти САҲШ
(шаҳодатнома дар бораи таваллуд, шаҳодатнома дар бораи вафот, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатнома дар бораи фарзандхондӣ, шаҳодатнома дар бораи тағйир додани ном, номи падар ва насаб, шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани қайди ақди никоҳ ва маълумотномаҳои дигар);

Ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи нотариусҳо дода мешаванд
(шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос, шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, розигӣ барои сафари кӯдак, розигии шавҳар ё зан барои анҷом додани аҳд, ки тасдиқоти нотариалиро тақозо мекунад, шаҳодатномае, ки далели зинда будани шахсро тасдиқ мекунад, нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқшудаи чунин ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳо, тарҷумаи ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи нотариус тасдиқ карда шудаанд ва ғайра);

Ҳуҷҷатҳои мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷроиявӣ
(варақаи иҷро бо қайди иҷрои ҳукм, санадҳои судӣ (қарори судӣ, ҳукмҳои суд аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, қарорҳои суд, таъиноти судӣ, фармони судӣ), варақаҳои иҷроиявӣ, ки дар асоси санадҳои судӣ дода мешаванд, варақаҳои судӣ, ки дар асоси қарорҳои судҳои ҳакамӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ва ғайра);

Ҳуҷҷатҳои мақомоти прокуратура
(қарори прокурор, амри прокурор, эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор, муҷозот барои ҳабс ва ғайра).

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот
(шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумӣ ва миёна, диплом дар бораи таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, маълумотномаи академӣ, варақаи шахсии таълимгиранда, шаҳодатнома дар бораи гузаштан аз як муассисаи таҳсилоти олӣ ба дигар муассиса ва ҳуҷҷатҳои дигар);

Ҳуҷҷатҳои дигар
(маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ, патент ё шаҳодатнома барои ҳуқуқи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, маълумотномаи бойгонӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки аз тарафи бойгонӣ дода мешаванд ва дигар ҳуҷҷатҳо). Ҳамаи ҳуҷҷатҳои расмие, ки аз тарафи мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд ва бояд дар қаламрави давлатҳои дигари иштирокчиёни Созишномаи Гаага истифода бурда шаванд ва талаботи қонунигардонии ҳуҷҷатҳои расмии давлатҳои хориҷиро аз 5-уми октябри соли 1961 бекор мекунад, бояд апостилгузорӣ карда шаванд.

Дар ин маврид, ҳуҷҷатҳои аслии расмӣ, ки аз тарафи мақомотҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дода шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон апостилгузорӣ карда намешаванд. Апостилро танҳо дар нусхаҳои ҳуҷҷатҳое гузоштан мумкин аст, ки дар нотариусҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда бошанд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима

- Ариза барои гузоштани Апостил аз тарафи аризадиҳанда ё шахси ваколатдор дар асоси ваколатнома;

- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мушаххасоти аризадиҳанда (пешниҳод карда мешавад);

- Ҳуҷҷати расмие, ки барои гузоштани Апостил пешниҳод карда мешавад (дар ду нусха пешниҳод карда мешавад: нусха ва аслӣ, нусхаи аслӣ ба аризадиҳанда бо Апостили гузошташуда баргардонида мешавад);

- Нусхаи шаҳодатнома дар бораи Рақами Мушаххаскунандаи Андозсупоранда;

- Шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ – барои аризадиҳандагони шахсони ҳуқуқӣ;

- Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ (расидҳо).

Муҳлати баррасии ҳуҷҷат Муҳлати баррасии ҳуҷҷат --> Ариза барои гузоштани Апостил аз тарафи мақомотҳои салоҳиятдор дар муҳлатҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:
Бо тартиби ҳатмӣ: - аз 1 то 3 рӯзи корӣ;
Бо тартиби умумӣ: - аз 5 то 7 рӯзи корӣ.

Ҳуҷҷатҳое, ки ба онҳо апостил гузошта намешавад

- дар ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дода шудаанд;

- дар ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба амалиётҳои тиҷоратӣ ва гумрукӣ алоқаманд мебошанд;

- дар ҳуҷҷатҳое, ки ба хориҷи кишвар бароварда намешаванд ва интиқол дода намешаванд (билети ҳарбӣ, ҳуҷҷатҳои мушаххаскунандаи шахсият, шиноснома).