Таъйиди консулӣ (легализатсия)

Меъёри хироҷи консулӣ

НомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
а) Барои легализатсияи ҳуҷҷатҳо:
барои шахсони воқеӣ10 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ50 USD
б) Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил:
барои шахсони воқеӣ10 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ50 USD
Дар ҷадвали хироҷҳо кушодан

Таъйиди консулӣ/Легализатсия

Таъйиди консулӣ/Легализатсия

Таъйиди консулӣ/Легализатсия – муайян намудан ва тасдиқи мувофиқати ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ба қонунгузории давлате, ки онҳоро таҳия намудааст иборат буда, шаҳодати қонунӣ будани имзои шахси масъул ва мӯҳри идораи салоҳиятдори он давлат дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ҷиҳати истифодабарии онҳо дар давлати дигар мебошад.

Мақоми ваколатдор оид ба легализатсия


- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар хориҷа муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуҷҷатҳо, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъйиди консулӣ/легализация карда мешаванд


- санадҳое, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулӣ давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати давлатҳои хориҷӣ ва ё иштирокии онҳо таҳия гардидаанд, дар сурати таъйиди пешакӣ онҳо дар намояндагӣ дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ давлатҳои таҳиякунанда ҳуҷҷат ва санадҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
- ҳуҷҷат ва санадҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё бо иштироки онҳо таҳия шудаанд.

Нусхаи аслии ҳуҷҷат ва санадҳои зерин ғайри қобили таъйиди/легализация мебошанд


- шиноснома, шаҳодатномаи шахсӣ, шаҳодатномаи визитӣ ва иттифоқи касаба, шаҳодатномаҳои ҳарбӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳое, ки мансубиятро ба дин ва мазҳаб шаҳодат медиҳанд, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин шаҳодатномаҳои техникӣ дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт.
- Ҳуҷҷат ва санадҳое, ки барои хориҷӣ кишвар таҳия гардида, бе таъйиди консулӣ давлатӣ суғурномаҳои ҳуҷҷат ва санад пешниҳод мегарданд.

Барои гузоштани таъйиди консулӣ/легализация пешниҳод карда мешаванд


- ариза (pdf замима шавад) дар бораи таъйиди консулӣ/легализация намудан; (ариза барои таъйиди консулӣ намудан метавонад бо ваколатнома пешниҳод гардад).
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва нусхаи он;
- ҳуҷҷати расмӣ барои таъйиди консулӣ/легализация намудан пешниҳодшуда ва нусхаи он;
- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ – барои аризадондагони шахси ҳуқуқӣ ва нусхаи он;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷии консулӣ.

Мӯҳлат ва хироҷи консулӣ


Ҳуҷҷат ва санадҳо барои таъйиди пешниҳодгардида дар муддати 3-5 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат метавонад то 10 рӯз корӣ тамдид карда шавад.
Меъёри хироҷи консулӣ барои таъйиди консулӣ/легализация ба як ҳуҷҷат 7,5 доллари ИМА – барои шахсони ҳуқуқӣ ва 15 доллари ИМА – барои шахсони ҳуқуқӣ муайян шудааст.
Ҳангоми рӯйи фариронӣ ҳуҷҷат консулӣ/легализация дар муддати то 3 рӯзи корӣ маблағи хироҷ 100 фоизӣ эътироф мешавад.
Маблағи хироҷи консулӣ бо доллари ИМА ҳисоб карда мешавад, бо асъои миллӣ агар асъои кишварҳои миллии Тоҷикистон дар рӯз супоридани маблағ, тариқи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.


Вобвста ба саволҳои дигар, Шумо метавонед ба Маркази тамоси Сарраёсати консулӣ бо рақами +992 44 610 20 20 занг занед.