Меъёрҳои хироҷи консулӣ

Замимаи 6 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2025, №476

Шиносномаҳои хориҷӣ ва амалҳои марбут

Р/тНомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
1.11.1Барои додани шиносномаҳои хориҷии дорои нишондиҳандаи электронӣ (шиносномаҳои биометрӣ):
дипломатӣ125 USD
хизматӣ100 USD
умумишаҳрвандии хориҷӣ75 USD
барои кӯдакони то 16-сола25 USD
1.21.2Барои ворид намудани навиштаҷоти дорои хусусияти ҳуқуқӣ ба шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон10 USD
1.31.3Барои гузоштани муҳри хизматӣ ба шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин. Барои кормандони вазорату идораҳое, ки ба сафари хизматӣ мераванд, ин амал ройгон аст50 USD

Барои додани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида намешавад, агар тарифҳои алоҳидаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, ки аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд, тартиби дигарро пешбинӣ накунанд.

Даъватномаҳо ва раводидҳо

Р/тНомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
1.41.4Барои тасдиқи даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (барои ҳар кас)10 USD
1.51.5Барои баррасии дархост оид ба додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои шахсони воқеӣ (барои ҳар кас)1 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ (барои ҳар кас)2 USD
1.61.6Барои додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд:
ба муҳлати то 3 рӯз15 USD
ба муҳлати то 7 рӯз30 USD
ба муҳлати то 14 рӯз40 USD
ба муҳлати то 1 моҳ50 USD
ба муҳлати то 45 рӯз60 USD
ба муҳлати то 2 моҳ65 USD
ба муҳлати то 3 моҳ70 USD
ба муҳлати то 4 моҳ80 USD
ба муҳлати то 5 моҳ90 USD
ба муҳлати то 6 моҳ100 USD
ба муҳлати то 7 моҳ120 USD
ба муҳлати то 8 моҳ140 USD
ба муҳлати то 9 моҳ160 USD
ба муҳлати то 10 моҳ180 USD
ба муҳлати то 11 моҳ200 USD
ба муҳлати то 1 сол220 USD
ба муҳлати то 2 сол350 USD
ба муҳлати то 3 сол450 USD
ба муҳлати то 4 сол550 USD
ба муҳлати то 5 сол650 USD
барои барқарор намудани раводид20 USD
1.71.7Барои додани раводидҳои хуруҷӣ:
ба муҳлати то 3 рӯз20 USD
ба муҳлати то 7 рӯз30 USD
1.81.8Барои додани раводид ба шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба муҳлати то 1 сол50 USD
ба муҳлати то 2 сол100 USD
ба муҳлати то 3 сол150 USD
1.91.9Барои додани раводидҳои транзитӣ ба муҳлати то 72 соат30 USD
1.101.10Барои додани раводиди сайёҳӣ:
ба муҳлати то 60 рӯз, яккарата30 USD
ба муҳлати то 60 рӯз, бисёркарата50 USD
  • Барои додани раводид ба шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди то 16-сола хироҷи консулӣ 30 доллари ИМА ситонида мешавад, новобаста аз муҳлат ва теъдоди вуруди раводид;
  • Барои гузаштани муҳлати раводид хироҷи консулӣ зиёд мешавад: то 5 рӯз — 50 доллари ИМА, аз 6 то 15 рӯз — 100 доллари ИМА, аз 16 то 30 рӯз — 200 доллари ИМА ва барои ҳар моҳи минбаъда — 100 доллари ИМА;
  • Барои додани раводиди бисёркарата меъёри хироҷи консулӣ 40 доллари ИМА зиёд мешавад;
  • Дар сурати кӯтоҳ кардани муҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани раводид метавонад раводиди хуруҷиро бе ситонидани хироҷи консулӣ диҳад.

Легализатсия, апостил ва дархости ҳуҷҷатҳо

Р/тНомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
1.111.11Агар аз принсипи мутақобила ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар барнаяд100 USD
1.121.12Барои легализатсияи ҳуҷҷатҳо ва баррасии ариза оид ба гузоштани апостил:
а) Барои легализатсияи ҳуҷҷатҳо:
барои шахсони воқеӣ10 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ50 USD
б) Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил:
барои шахсони воқеӣ10 USD
барои шахсони ҳуқуқӣ50 USD
1.131.13Барои дархости ҳуҷҷатҳо (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад)
барои ҳар ҳуҷҷат20 USD

Эзоҳ ба 1.13.

  • Агар ҳуҷҷат ё маълумот дар бораи он ёфт нашавад, хироҷ ба аризадиҳанда баргардонида намешавад;
  • Меъёри зербанди «б»-и банди 1.12 инчунин аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Амалҳои нотариалӣ, нақлиёт ва шаҳрвандӣ

Р/тНомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
1.141.14Барои анҷом додани амалҳои нотариалӣ (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа ситонида мешавад):
тасдиқи шартнома30 USD
тасдиқи васиятнома30 USD
тасдиқи ваколатнома30 USD
андешидани чораҳо оид ба ҳифзи молу мулки меросӣ1% аз арзиши молу мулк, вале на камтар аз 20 доллари ИМА
додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳисса дар молу мулки умумии ҳамсарон30 USD
додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос30 USD
тасдиқи мутобиқати нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳо аз онҳо (барои як саҳифа):
а) аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон5 USD
б) аз шаҳрвандони хориҷӣ10 USD
тасдиқи аслияти имзо дар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла имзои тарҷумон (барои ҳар имзо)10 USD
тасдиқи дурустии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар (барои ҳар саҳифа), агар корманди муассисаи консулӣ он забонро донад5 USD
тасдиқи далели дар қайди ҳаёт будани шаҳрванд10 USD
тасдиқи далели дар ҷои муайян қарор доштани шаҳрванд10 USD
тасдиқи мутобиқати шаҳрванд бо шахси дар акс тасвиршуда10 USD
тасдиқи вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо10 USD
Қабули маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнок ба депозит0,2% аз маблағи умумӣ, ҳар моҳ
Гузоштани навиштаҷоти иҷроӣ10 USD
Қабули ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдорӣ10 USD
Таъмини далелҳо20 USD
Эътирози баҳрӣ20 USD
1.151.15Амалҳои консулӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоии гражданӣ ва ҳарбии боркаш ва мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон анҷом дода мешаванд, ба истиснои амалҳои дар бандҳои зерин пешбинишуда:
додани шаҳодатномаи муваққатӣ дар бораи ҳуқуқи шинокунӣ зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуқуқ ба киштӣ (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)100 USD
тамдиди муҳлати амали ҳуҷҷатҳои киштӣ ва барасмиятдарории маҷаллаҳои киштӣ (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)50 USD
тасдиқи шаҳодатномаи санитарӣ (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)50 USD
додани шаҳодатнома дар бораи боркунӣ ё борфарории киштие, ки зери парчами хориҷӣ шино мекунад, ва тасдиқи дигар маълумотномаҳо ва эъломияҳо (танҳо пас аз иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон)50 USD
1.161.16Барои барасмиятдарории шиносномаҳо, дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад):
барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои нишондиҳандаи электронӣ (шиносномаи биометрӣ) тавассути ҷамъоварии маълумоти биометрӣ бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон100 USD
барои ба қайди консулӣ гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа барои зисти доимӣ ва муваққатии тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) қарор дорандройгон
барои барасмиятдарории дархостҳо оид ба баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон200 USD
барои барасмиятдарории дархостҳо оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон200 USD
барои барасмиятдарории дархостҳо оид ба барқарор намудан дар шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон200 USD

Эзоҳ ба 1.16.

Дар сурати қонеъ нагардидани дархост, хироҷ ба аризадиҳанда баргардонида намешавад.

Санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар хизматҳо

Р/тНомгӯйМеъёри хироҷ (доллари ИМА)
1.171.17Хироҷҳо барои амалҳо оид ба санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешаванд):
барои баррасии ариза дар бораи бастани ақди никоҳ20 USD
барои бақайдгирии никоҳ ва додани шаҳодатнома дар ин бора30 USD
барои бақайдгирии бекор кардани никоҳ ва додани шаҳодатнома дар ин бора:
а) бо ризоияти мутақобилаи ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ ва баҳси молумулкӣ надоранд30 USD
б) дар асоси қарори суд20 USD
барои бақайдгирӣ ва бекор кардани никоҳ бо шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида бедарак ғоиб ё ғайриқобили амал эътироф шудаанд, аз сабаби бемории рӯҳӣ ё заифии ақл, ё бо шахсоне, ки барои ҷиноят маҳкум шуда, ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати на камтар аз 3 сол маҳкум гардидаанд20 USD
барои бақайдгирии таваллуди кӯдак ва додани шаҳодатномаи таваллуд15 USD
барои додани шаҳодатномаҳо вобаста ба тағйир, илова, ислоҳ ва барқарор намудани сабтҳои санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ (агар сабт дар ҳамон намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа анҷом дода шуда бошад)15 USD
барои барасмиятдарории мавод оид ба иваз намудани насаб, ном ва номи падар, ба истиснои ҳолатҳои вобаста ба бастани никоҳ, инчунин барои бақайдгирии иваз намудани миллат (тағйиротҳоро раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад)15 USD
барои додани шаҳодатномаҳои такрории бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ аз рӯи маводи бойгонӣ30 USD
барои додани шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, фарзандхондӣ30 USD
1.181.18Барои додани гунаҳои гуногуни маълумотномаҳои ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ, ки дар бандҳои 1.1–1.17 зикр нашудаанд (аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ситонида мешавад)20 USD
1.191.19Барои баррасии дархост оид ба додани раводиди электронӣ:
яккарата ба муҳлати то 60 рӯз30 USD
бисёркарата дар давоми то 60 рӯз50 USD
иҷозатномаи вуруд ба ВМКБ20 USD
1.201.20Бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешаванд30 USD
1.211.21Барои додани иҷозат барои ташрифи ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳангоми барасмиятдарории раводид аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ҳангоми барасмиятдарории раводиди электронӣ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон20 USD