♦ Раводиди категорияи «Т» - ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сайёҳ омаданианд, дода мешавад.
Раводиди туристӣ сайёҳӣ ба ду намуд тақсим мешавад:
а) Раводиди стандартӣ;
б) Раводиди электронӣ.
Раводиди сайёҳӣ тамдид карда намешавад!
♦ Раводиди категорияи «XC1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат, ташхис ва дидори хешовандон, дӯстон ва дигар мақсадҳои хусусӣ (иштирок дар тӯй, маросими дафн ва дигар чорабиниҳои хусусӣ) доранд, дода мешавад.
- дархости муассисаи табобатӣ ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванде, ки бо мақсади муолиҷа, ташхис ва машварат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданӣ аст;
- огоҳиномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки бо дигар мақсадҳои шахсӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданианд;
- Дар ҳолатҳои истисноӣ (марг ва ё бемории вазнини шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунад ва шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд - раводидгиранда, ки бо ин шахсон робитаи хешовандӣ дорад) раводиди навъи "ХС1" бе огоҳиномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ва маълумотномаи тиббӣ, ки аз ҷониби духтур тасдиқ гардидааст, ба муҳлати на зиёда аз 1 моҳ дода мешавад;
- Раводиди навъи XC1 барои мӯҳлати дархостшуда дода мешавад, аммо на бештар аз 3 моҳ. Мӯҳлати раводиди навъи "XC1" тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои рафънопазир ва бемории вазнини шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки сафар ба ҳаёти онҳо метавонад зарар расонад.
♦ Раводиди навъи «XC2» танҳо ба шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
- Раводиди навъи "ХС2"-ро муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 6 моҳ медиҳанд. Дар сурати муроҷиати собиқ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани раводиди навъи мазкур, он ба мӯҳлати то 3 сол тамдид карда мешавад;
-
Барои собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуде, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
-
Барои аъзоёни оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешовандӣ.
♦ Раводиди навъи "XC3" танҳо ба шаҳрвандони хориҷие дода мешавад, ки падару модари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандиро аз рӯи таваллуд гирифтаанд.
- Раводиди XC3 ба шаҳрвандони хориҷии то 25-сола ба мӯҳлати на бештар аз 3 сол дода мешавад.;
- Раводиди категорияи «XC3» дар асоси шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи шиносномаҳои волидони муроҷиаткунанда дода мешавад.
♦ Раводиди навъи "ИД" - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намудаанд, то гирифтани иҷозатномаи иқомати доимӣ дода мешавад.
Раводиди навъи "ИД" аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости хаттии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати ояндаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки қаблан бо мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, ба мӯҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 1 сол, дода мешавад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: