Раводиди категорияи "Д" - ба сарони давлатҳо, сардорони ҳукуматхои давлатҳои хориҷӣ, аъзоёни ҳайатҳои вакилони расмии давлатҳои хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва мансабдорони консулгарии муассисаҳои консулӣ, ба кормандони шуъбаҳои корҳои хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулгариӣои хориҷӣ, ба кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалие, ки мақоми дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, нозироне, ки тибқи созишномаҳои тасдиқнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебаранд ва аъзои оила шахсони номбурда, ки паспорти дипломатӣ доранд дода мешавад. Агар мақоми дипломатии шаҳрванди хориҷие, ки шиносномаи дипломатӣ надоранд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, ба ӯ раводиди дипломатӣ дода мешавад. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ дорои шиносномаи дипломати бошад, вале мақоми дипломатии уро Чумхурии Точикистон эътироф накарда бошад (дар холати сафари хусусӣ), вобаста ба мақсади сафар ба у метавонад категорияи дигари раводид дода шавад.
Барои гирифтани раводиди категорияи “Д” – муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди категорияи “Д”-ро дар асоси дархост ё нотаи намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар муҳлати дар онҳо муқарраргардида, вале на бештар аз 1 сол дода мешавад. Дар ёддошт бояд маълумот дар бораи вазифаи шахси таъиншуда ва дар мавриди ротатсия мансаб, насаб, ном ва номи падари шахсе, ки ӯро иваз мекунад, нишон дода шавад. Тамдиди минбаъдаи чунин раводид дар Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти аккредитатсия ва мӯҳлати он, вале на бештар аз 3 сол амалӣ карда мешавад. (дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.01.2020, № 265).
Раводиди категорияи "X" - ба аъзоёни ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ ва маъмурӣ ва хизматчиёни намояндагиҳои дипломатӣ, кормандони консулӣ ва хизматчиёни муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсоне , ки почтаҳои дипломатӣ доранд, вале шиносномаи дипломатӣ надошта бошанд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд аз номи вазорату идорахои давлати хоричй ё бо даъвати вазорату идорахои Чумхурии Точикистон омадаанд, сарфи назар аз намуди шиносномаашон, инчунин аъзоёни оилаи шахсони зикршуда дода мешавад.
Барои гирифтани раводиди категорияи «Х» - муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархост ё ёддошти раводиди категорияи «Х» аз намояндагихои дипломати, муассисахои консулии давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали ва намояндагихои ташкилотхои байналмилалие, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд, ба мухлати мукаррарнамудаи онхо, вале на бештар аз 1 сол таҳия карда мешавад.
Дар ин дархост бояд маълумот дар бораи мухлати будубоши шахси даъватшаванда ва максади сафари у ба Чумхурии Точикистон бошад. Тамдиди минбаъдаи чунин раводид дар Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти аккредитатсия ва муҳлати он, вале на бештар аз 3 сол амалӣ карда мешавад. (дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.01.2020 № 265).
.
- Санҷед, ки оё ба шумо раводид лозим аст
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд»