Тартиби гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дар муассисаҳои хориҷии ҶТ
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафорат ва муассисаҳои консулӣ) шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷиро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ ё муваққатӣ доранд, медиҳанд.
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ;
- шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он барои шаҳрвандони то синни 16;
- нусхаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи тасдиқкунандаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
- расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.
Дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо хироҷи консулӣ ситонида мешавад.
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян менамоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ӯ додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад.
Барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барон додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Дархостҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 моҳ баррасӣ карда мешавад.
Маълумоти бештар, аз ҷумла номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳаҷми хироҷ, рӯзҳои қабул ва тамоси шуъбаҳои консулиро вобаста ба масъалаи таҳияи шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ аз сомонаҳои муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед:
