Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июли соли 1998 №275 ш. Душанбе

ОИННОМАИ КОНСУЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАСЛИ I

МУАССИСАҲОИ КОНСУЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ I

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони онро дар доираи Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ ҳимоя менамоянд ва ба ҳар роҳ ба рушди муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар мусоидат мекунанд.

Моддаи 2

Муассисаҳои консулӣ инҳо мебошанд: шуъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои генералӣ, консулгариҳо, ноибконсулгариҳо ва агентиҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ.

Моддаи 3

Муассисаҳои консулӣ дар фаъолияти худ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ ва дигар санадҳои шартномавию ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, ва ба Оинномаи мазкур роҳбарӣ менамоянд.

Моддаи 4

Муассисаҳои консулӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ буда, таҳти роҳбарии умумии сардори намояндагии дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати будубош амал мекунанд.

Моддаи 5

Шуъбаҳои консулии намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мудирони шуъбаҳои консулӣ роҳбарӣ менамоянд, ки консули генералӣ ё консул номида мешаванд.

Консулгариҳои генералӣ, консулгариҳо, ноибконсулгариҳо ва агентиҳои консулиро мутаносибан консулҳои генералӣ, консулҳо, ноибконсулҳо ва агентҳои консулӣ роҳбарӣ менамоянд.

Моддаи 6

Консул вазифаҳои дар Оинномаи мазкур пешбинишударо иҷро менамояд.

Консул метавонад вазифаҳои дигареро, ки дар Оинномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, иҷро намояд, агар онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории давлати будубош мухолиф набошанд.

Моддаи 7

Дар давлатҳое, ки намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надоранд, бо розигии давлати будубош ба зиммаи консул инчунин вазифаҳои дипломатӣ гузошта шуда метавонанд.

Моддаи 8

Ҷойгиршавии муассисаи консулӣ, синфи он ва ҳавзаи консулӣ бо мувофиқаи давлати будубош муайян карда мешаванд.

Моддаи 9

Муассисаи консулӣ муҳре дорад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассисаи консулӣ бо забони давлатии давлати будубош тасвир шудааст.

Моддаи 10

Муассисаи консулӣ ҳуқуқ дорад дар биное, ки онро ишғол менамояд, лавҳа бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассисаи консулӣ бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва забони давлатии кишвари будубош насб намояд.

Моддаи 11

Муассисаи консулӣ ҳуқуқ дорад Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои муассисаи консулӣ барафрозад.

Консул ҳуқуқ дорад Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қароргоҳи худ, инчунин дар воситаҳои нақлиёти худ барафрозад.

Моддаи 12

Дар Оинномаи мазкур истилоҳҳои овардашуда маънои зерин доранд:

«Консул» консули генералӣ, консул, ноибконсул ё агенти консулие номида мешавад, ки сардори муассисаи консулӣ мебошад.

«Шахси мансабдори консулӣ» ҳар шахсе, аз ҷумла сардори муассисаи консулӣ, номида мешавад, ки ба ӯ иҷрои вазифаҳои консулӣ супорида шудааст (консули генералӣ, консул, агенти консулӣ).

«Корманди муассисаи консулӣ» ҳар шахсе номида мешавад, ки дар муассисаи консулӣ ба иҷрои вазифаҳои хизматрасонии муассисаи консулӣ машғул аст.

БОБИ II

Ҳайати муассисаҳои консулӣ ва тартиби таъини консул

Моддаи 13

Шахсони мансабдори консулӣ ва кормандони муассисаҳои консулӣ дар хизмати давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Моддаи 14

Шахси мансабдори консулӣ танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.

Моддаи 15

Консул ҳангоми таъин ба мансаб аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати хаттӣ — патенти консулӣ мегирад.

Моддаи 16

Консул пас аз гирифтани розигии (экзекватураи) давлати будубош ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ менамояд.

Моддаи 17

Агар Консул бо ягон сабаб вазифаҳои худро иҷро карда натавонад ё мансаби консул муваққатан холӣ бошад, иҷрои вазифаҳои консул ба зиммаи шахси мансабдори консулии дигари ҳамин ё муассисаи консулии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати будубош ё ба зиммаи яке аз аъзои ҳайати дипломатии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин давлат гузошта мешавад.

БОБИ III

Тартиби иҷрои вазифаҳои консулӣ

Моддаи 18

Консул вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо шахсан иҷро менамояд ё иҷрои онҳоро ба шахси мансабдори консулии дигар месупорад.

Моддаи 19

Иҷрои вазифаҳои консулии давлати дигар аз ҷониби консули Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тибқи дастури махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии давлати будубош сурат гирифта метавонад.

Моддаи 20

Консул метавонад аз рӯи ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаи консулӣ ба мақомоти давлати будубош дар ҳудуди ҳавзаи консулии худ муроҷиат намояд.

Моддаи 21

Консул уҳдадор аст ҳар сол ҳадди ақалл як маротиба ҳавзаи консулии худро давр занад.

Моддаи 22

Шикоятҳо аз амалҳои шахсони мансабдори консулӣ ва кормандони муассисаҳои консулӣ бо тартиби тобеият баррасӣ карда мешаванд.

ФАСЛИ II

ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ

ВА ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ IV

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 23

Консул уҳдадор аст чораҳо андешад, то шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра аз ҳамаи ҳуқуқҳое, ки қонунгузории давлати будубош, меъёрҳо ва одатҳои байналмилалии қабулшуда, инчунин ҳуқуқҳои дар санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати будубош иштирокчии онҳо мебошанд, муқарраргардида ба онҳо дода шудаанд, истифода баранд.

Моддаи 24

Консул баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳавзаи консулии ӯ истиқомати доимӣ доранд ва муваққатан қарор доранд, пеш мебарад.

Моддаи 25

Консул ба намояндагони вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ қарор доранд, инчунин ба дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳавзаи консулии ӯ омадаанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд.

Моддаи 26

Консул шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҳавзаи консулии ӯ муваққатан қарор доранд, аз қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии давлати будубош, инчунин аз одатҳои маҳаллӣ огоҳ менамояд.

Моддаи 27

Консул ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳавзаи консулии ӯ истиқомат мекунанд, мусоидат менамояд.

Моддаи 28

Консул ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои давлати будубош шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намояд, агар онҳо ҳозир набошанд ва пешбурди парвандаро ба ягон шахс насупорида бошанд ё бо сабабҳои дигар манфиатҳои худро ҳимоя карда натавонанд. Ин намояндагӣ то он вақте давом мекунад, ки намояндагишавандагон вакилони худро таъин накунанд ё ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба зимма нагиранд.

БОБИ V

Вазифаҳои Консул оид ба иҷрои супоришҳои мақомоти тафтишотӣ ё судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 29

Консул супоришҳои мақомоти тафтишотӣ ё судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд, агар ин бо қонунҳои давлати будубош манъ нашуда бошад. Супоришҳои зикршуда бо риояи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Боби VI

Вазифаҳои консул оид ба фарзандхондкунӣ, васоят ва парасторӣ

Моддаи 30

Консул ҳуқуқ дорад санади фарзандхондкунии кӯдакеро, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, ба қайд гирад. Агар фарзандхондкунанда шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта бошад, барои фарзандхондкунӣ гирифтани иҷозати мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

Моддаи 31

Консул чораҳо меандешад барои таъсиси васоят ва парасторӣ бар шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳавзаи консулии ӯ қарор доранд ва бе парасторӣ мондаанд.

Ба ҳамин дараҷа Консул чораҳо меандешад барои таъсиси васоят ва парасторӣ бар шаҳрвандони болиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи вазъи саломатӣ ё ҳолатҳои дигар наметавонанд мустақилона ҳуқуқҳои худро амалӣ намоянд ва уҳдадориҳои худро иҷро кунанд.

БОБИ VII

Вазифаҳои Консул нисбат ба молу мулки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 32

Консул чораҳо меандешад барои ҳифзи молу мулке, ки пас аз вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Агар молу мулки боқимонда пурра ё қисман аз ашёе иборат бошад, ки ба вайроншавӣ дучор мегардад, инчунин ҳангоми гаронии аз ҳад зиёди нигоҳдории он, консул ҳуқуқ дорад ин молу мулкро фурӯшад ва маблағи бадастомадаро аз рӯи тааллуқ равон намояд.

Моддаи 33

Консул ҳуқуқ дорад чораҳо андешад оид ба фиристодани молу мулки меросӣ ба ворисоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Моддаи 34

Консул метавонад пул, ашёи қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдоштаро барои нигоҳдорӣ қабул намояд.

Дар сурати вафоти шахсе, ки молу мулки барои нигоҳдорӣ супоридашуда ба ӯ тааллуқ дошт, нисбат ба он молу мулк муқаррароти моддаи 32-и Оинномаи мазкур татбиқ карда мешаванд.

БОБИ VIII

Вазифаҳои Консул нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти ҳабс қарор доранд, боздошт шудаанд ё бо шакли дигар аз озодӣ маҳрум гардидаанд ё ҷазоро адо мекунанд

Моддаи 35

Консул уҳдадор аст назорат намояд, ки нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳабс гирифта шудааст, ё бо гумони содир намудани ҷиноят боздошт шудааст, ё ба чораҳои дигари маҳдудкунандаи озодӣ, инчунин ба таъсири судӣ ё маъмурӣ дучор гардидааст, қонунҳои давлати будубош ва санадҳои шартномавию ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин давлат бастааст, риоя карда шаванд.

Консул уҳдадор аст бо дархости шахсони манфиатдор ва бо ташаббуси худ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд, дидан намояд ва шароити нигоҳдории онҳоро муайян кунад.

Консул уҳдадор аст назорат намояд, ки чунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите нигоҳ дошта шаванд, ки ба талаботи беҳдошт ва санитарӣ ҷавобгӯ бошанд ва ба муносибати бераҳмона ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсонӣ дучор нагарданд.

БОБИ IX

Вазифаҳои Консул оид ба масъалаҳои шиноснома ва раводид

Моддаи 36

Консул ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо розигии хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шиноснома диҳад, муҳлати амали шиносномаҳоро тамдид намояд ва ба онҳо сабтҳои зарурӣ ворид кунад.

Моддаи 37

Консул ҳуқуқ дорад ба шаҳрвандони хориҷӣ раводид барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашти транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳад, ба раводидҳои додашуда тағйирот ворид намояд, инчунин раводидҳои қаблан додашударо бекор кунад.

БОБИ X

Вазифаҳои Консул оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ

Моддаи 33

Консул ҳуқуқ дорад аризаҳои шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар ҳавзаи консулии ӯ истиқомат мекунанд, дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, онҳоро баъдан барои баррасӣ ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон равон намояд.

Моддаи 39

Консул бо розигии сардори намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати будубош метавонад ба Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳодҳо дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсонеро, ки амалҳои обрӯи баланди шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пастзананда содир намудаанд ва ба нуфуз ё амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонидаанд, пешниҳод намояд.

БОБИ XI

Вазифаҳои Консул оид ба масъалаҳои бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ

Моддаи 40

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон консул санадҳои ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд мегирад.

Консул дархостҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар давлати будубош истиқомати доимӣ доранд, дар бораи ворид намудани тағйирот, ислоҳот ва иловаҳо ба сабтҳои санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ, дар бораи барқарор намудани сабтҳои гумшуда, инчунин дар бораи тағйири насаб, ном ва номи падар қабул намуда, онҳоро барои баррасӣ ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон равон менамояд.

Моддаи 41

Пас аз гирифтани маълумот дар бораи таваллуд ё вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавопаймоҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт, ё дар ҳавзаи консулии худ, консул мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади таваллуд ё вафотро ба қайд мегирад.

Моддаи 42

Дастурамал оид ба тартиби бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби консул аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

ФАСЛИ III

АМАЛҲОИ НОТАРИАЛӢ, ЛЕГАЛИЗАТСИЯИ КОНСУЛӢ, ХИРОҶҲОИ КОНСУЛӢ

БОБИ XII

Амалҳои нотариалӣ

Моддаи 43

Консул амалҳои нотариалии зеринро анҷом медиҳад:

1) аҳдҳоро (шартномаҳо, васиятномаҳо, ваколатномаҳо ва ғ.) тасдиқ менамояд, ба истиснои шартномаҳо оид ба бегонакунӣ ва гарави хонаҳои истиқоматие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд;

2) чораҳо меандешад барои ҳифзи молу мулки меросӣ;

3) гувоҳнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос медиҳад;

4) гувоҳнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба ҳисса дар молу мулки умумии ҳамсарон медиҳад;

5) дурустии нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва иқтибосҳо аз онҳоро тасдиқ менамояд;

6) дурустии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо аз як забон ба забони дигарро тасдиқ менамояд;

7) аслияти имзо дар ҳуҷҷатҳоро тасдиқ менамояд;

8) далели дар қайди ҳаёт будани шаҳрвандро тасдиқ менамояд;

9) далели дар ҷои муайян қарор доштани шаҳрвандро тасдиқ менамояд;

10) айнияти шаҳрвандро бо шахси дар сурат тасвиршуда тасдиқ менамояд;

11) вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро тасдиқ менамояд;

12) маблағҳои пулӣ ва коғазҳои қиматнокро ба депозит қабул менамояд;

13) навиштаҷоти иҷро мегузорад;

14) ҳуҷҷатҳоро барои нигоҳдорӣ қабул менамояд;

15) далелҳоро таъмин менамояд;

16) протестҳои баҳрӣ мегузорад.

Бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин амалҳои нотариалии дигаре, ки аз ҷониби консул анҷом дода мешаванд, пешбинӣ шуда метавонанд.

Тартиби анҷом додани амалҳои нотариалӣ аз ҷониби консул бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ, Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дастурамал оид ба тартиби анҷом додани амалҳои нотариалӣ аз ҷониби консул аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 44

Амалҳои нотариалӣ дар муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Дар ҳолатҳои алоҳида амалҳои нотариалӣ берун аз муассисаи зикршуда анҷом дода шуда метавонанд.

Моддаи 45

Консуле, ки амалҳои нотариалиро анҷом медиҳад, уҳдадор аст сирри амалҳои нотариалии анҷомдодашударо риоя намояд.

Маълумотномаҳо дар бораи анҷом додани амалҳои нотариалӣ ва ҳуҷҷатҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ дода мешаванд.

Моддаи 46

Амалҳои нотариалӣ дар рӯзи пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин зарурӣ, пардохти хироҷҳои консулӣ ва ҷуброни хароҷоти воқеӣ анҷом дода мешаванд.

Моддаи 47

Аҳдҳои бо тартиби нотариалӣ тасдиқшаванда, инчунин аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар дар ҳузури консуле, ки амалҳои нотариалиро анҷом медиҳад, имзо карда мешаванд. Агар аҳд, ариза ё ҳуҷҷати дигар дар ғоибии консул имзо шуда бошад, имзокунанда бояд шахсан тасдиқ намояд, ки ҳуҷҷатро ӯ имзо кардааст.

Консуле, ки амалҳои нотариалиро анҷом медиҳад, уҳдадор аст ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳоро фаҳмонад ва аз оқибатҳои амалҳои нотариалии анҷомдодашаванда огоҳ созад, то ноогоҳии ҳуқуқӣ ва ҳолатҳои дигари монанд ба зарари онҳо истифода бурда нашаванд.

Моддаи 48

Консул наметавонад амалҳои нотариалиро ба номи худ ва аз номи худ, ба ном ва аз номи ҳамсараш (зану шавҳар), хешовандони ӯ ва хешовандони худ аз рӯи хати рост анҷом диҳад.

Моддаи 49

Кори девонӣ оид ба амалҳои нотариалӣ дар муассисаи консулӣ бо ҳамон забон пеш бурда мешавад, ки кори девонии муассисаи консулӣ бо он пеш бурда мешавад.

Агар шахси барои анҷом додани амали нотариалӣ муроҷиаткарда забонеро, ки кори девонӣ бо он пеш бурда мешавад, надонад, матнҳои ҳуҷҷатҳои барасмиятдаровардашаванда бояд аз ҷониби консуле, ки амали нотариалиро анҷом медиҳад, ё тарҷумоне, ки ба консул маълум аст, ба ӯ тарҷума карда шаванд.

Моддаи 50

Агар ба консул дар бораи кушода шудани мерос ба манфиати шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, маълум гардад, консул фавран ҳамаи маълумоти ба ӯ маълумро дар бораи мерос ва ворисони эҳтимолӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моддаи 51

Агар анҷом додани амали нотариалӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад, консул аз анҷом додани чунин амал рад менамояд.

Консул барои анҷом додани амали нотариалӣ ҳуҷҷатҳоеро қабул намекунад, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, ё аз рӯи мазмуни худ метавонанд ба манфиатҳои Тоҷикистон зарар расонанд, ё маълумоти пастзанандаи шаъну шарафи шаҳрвандонро дар бар мегиранд.

Бо дархости шахсе, ки ба ӯ анҷом додани амали нотариалӣ рад карда шудааст, бояд сабабҳои рад ва тартиби шикоят аз он ба ӯ баён карда шаванд.

Моддаи 52

Ҳангоми анҷом додани амалҳои нотариалӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати будубош дар онҳо иштирок мекунанд, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.

Консул ҳуҷҷатҳоеро, ки мутобиқи талаботи ҳуқуқи хориҷӣ таҳия шудаанд, қабул менамояд ва навиштаҷоти тасдиқкунандаро дар шакли пешбининамудаи қонунгузории хориҷӣ мегузорад, агар ин ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.

БОБИ XIII

Легализатсияи консулӣ

Моддаи 53

Консул ҳуҷҷатҳо ва санадҳоеро, ки бо иштироки мақомоти ҳавзаи консулӣ таҳия шудаанд ё аз ин мақомот баромадаанд, легализатсия менамояд.

Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуҷҷатҳо ва санадҳоро танҳо ҳангоми мавҷуд будани легализатсияи консулӣ ба баррасӣ қабул менамоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати будубош иштирокчии онҳо мебошанд, тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

Легализатсияи консулӣ аз муқаррар ва тасдиқ намудани аслияти имзоҳо дар ин ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ва мутобиқати онҳо ба қонунҳои давлати будубош иборат аст.

Тартиби легализатсияи консулӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 54

Ҳуҷҷатҳо ва санадҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, ё аз рӯи мазмуни худ метавонанд ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонанд, ё маълумоти пастзанандаи шаъну шарафи шаҳрвандони онро дар бар мегиранд, ба легализатсия манзур карда намешаванд.

БОБИ XII

Хироҷҳои консулӣ

Моддаи 55

Барои амалҳои консулие, ки дар хориҷа ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, хироҷҳои консулӣ ситонида мешаванд.

Инчунин хароҷоти воқеии марбут ба иҷрои амалҳои зикршуда бояд ҷуброн карда шаванд.

Моддаи 56

Хироҷҳои консулӣ мутобиқи Тарофаи хироҷҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд. Дар хориҷа — бо асъори кишвари будубош ё бо доллари ИМА, дар Тоҷикистон — аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шаҳрвандони хориҷӣ бо доллари ИМА.

Моддаи 57

Тарофаи хироҷҳои консулӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ба консул ҳуқуқ дода мешавад, ки дар ҳолатҳои истисноӣ меъёрҳои хироҷи консулиро паст намояд ё шахсони алоҳидаро аз пардохти хироҷ тибқи аризаҳои онҳо озод кунад, агар сабабҳои зикркардаи онҳо узрнок бошанд.

Моддаи 58

Хироҷҳои консулӣ ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

Моддаи 59

Хироҷҳои консулӣ ситонида намешаванд:

а) ҳангоми мавҷуд будани шартномаи байналмилалӣ дар бораи даст кашидан аз ситонидани хироҷҳои консулӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати будубош иштирокчии он мебошанд;

б) аз рӯи парвандаҳои бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан;

в) барои раводид гузоштан ба шиносномаҳои дипломатии хориҷӣ дар асоси мутақобила;

г) барои дархост ва легализатсияи ҳуҷҷатҳо дар бораи собиқаи корӣ, таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон, аз рӯи парвандаҳои алиментӣ ва дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ФАСЛИ IV

ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ҲАВОПАЙМОҲОИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 60

Консул дар доираи вазифаҳои худ ба фармондеҳ, ҳайати экипаж ва мусофирони ҳавопаймои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «ҳавопаймо» номида мешавад) дар муносибат бо мақомоти давлати будубош мусоидат менамояд, ҳамаи чораҳоро барои бозгашт, дар ҳолати зарурӣ, ҳавопаймо, ҳайати экипаж ва мусофирони он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барои идомаи парвоз меандешад.

Моддаи 61

Консул ҳуқуқ дорад:

а) ба нишасти ҳавопаймо дар фурудгоҳ, парвози он аз фурудгоҳ ва будубоши ҳавопаймо дар фурудгоҳе, ки дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ ҷойгир аст, мусоидат намояд;

б) ҳолатҳои ҳодисаҳои дар ҳавопаймо рухдодаро муайян намояд, фармондеҳи ҳавопаймо ва аъзои экипажро пурсиш кунад;

в) дар ҳолати зарурӣ чораҳо андешад барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ва фиристодани аъзои экипаж ва мусофирони ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) ҳар гуна эъломия ё ҳуҷҷати дигарро нисбат ба ҳавопаймоҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбинӣ намудааст, қабул, таҳия ё тасдиқ намояд.

Моддаи 62

Дар сурати садама, нишасти маҷбурӣ ё ҳодисаи дигар бо ҳавопаймо дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ консул ба экипаж ва мусофирон ёрии зарурӣ мерасонад.

Консул инчунин ҳамаи чораҳои аз ӯ вобастаро барои ҳифзи ҳавопаймои садамадида ё нишасти маҷбурӣ карда, борҳо ва далелҳои моддие, ки аз хусусияти ҳодиса шаҳодат медиҳанд, меандешад ва ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафтиши ҳодисаи парвозӣ мусоидат менамояд.

Моддаи 63

Дар сурати содир шудани ҷиноятҳо дар тахтаи ҳавопаймо консул ба фармондеҳи ҳавопаймо дар иҷрои уҳдадориҳое, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, бармеоянд, мусоидат менамояд.

Моддаи 64.

Консул ҳуқуқ дорад шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, почта ва борҳоро бо ҳавопаймоҳое, ки ба фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз мекунанд, равон намояд.

ФАСЛИ V

ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ҲАВОПАЙМОҲО (ВЕРТОЛЁТҲО)-И ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 65

Консул уҳдадор аст ба ҳар роҳ ба ҳайатҳои экипажи ҳавопаймоҳо (вертолётҳо)-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати будубош, дар доираи ҳавзаи консулии ӯ қарор доранд, дар масъалаҳои муносибат бо мақомоти маҳаллӣ, таъминоти моддию техникӣ ва масъалаҳои дигар мусоидат намояд.

Ҳангоми набудани атташеи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати будубош, консул дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои марбут ба парвози ҳавопаймоҳо (вертолётҳо) иштирок менамояд.

Моддаи 66

Ҳангоми гирифтани маълумот дар бораи омадани пешбинишудаи ҳавопаймоҳо (вертолётҳо) ба аэродроме, ки дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ ҷойгир аст, консул якҷоя бо мақомоти дахлдори давлати будубош чораҳо меандешад барои таъмини расидани онҳо ба маҳалли таъинот.

Моддаи 67

Пас аз омадани ҳавопаймоҳо (вертолётҳо) консул фавран ба фармондеҳ маълумоти барои муносибат бо мақомоти маҳаллӣ заруриро, аз ҷумла дар бораи вазъи санитарии маҳал, қоидаҳо, қонунҳо ва одатҳои маҳаллӣ, ки риояи онҳо барои фармондеҳ ва аъзои экипаж ҳатмӣ аст, хабар медиҳад.

Моддаи 68

Консул уҳдадор аст дар имконияти аввалин шахсан ҳавопаймои (вертолёти) омадаро дидан намояд.

Дар ҳолатҳои зарурӣ консул фармондеҳи экипаж (звено)-ро ҳангоми рафтан ба дидорбинии шахсони мансабдори давлати будубош ҳамроҳӣ менамояд.

Моддаи 69

Дар ҳолатҳои дар давлати будубош барои табобат гузоштани аъзои вазнинбемори экипаж, консул бояд рафти табобатро назорат намояд ва фиристодани ӯро ба Тоҷикистон таъмин кунад.

Дар сурати вафоти аъзои экипаж консул чораҳо меандешад барои дафн бо эҳтироми шоиста ё фиристодани ҷасади фавтида ба Тоҷикистон. Ҳуҷҷатҳо ва молу мулки шахсии фавтида низ ба Тоҷикистон равон карда мешаванд.

Моддаи 70

Дар сурати садама ё ҳодисаҳои дигар консул ҳамаи чораҳои аз ӯ вобастаро барои расонидани ёрии зарурӣ ба ҳавопаймоҳо (вертолётҳо) ва барасмиятдарории дурусти ҳуқуқии ҳодисаи рухдода меандешад.

Моддаи 71

Консул ба фармондеҳи экипаж (звено) дар барқарор намудани алоқа бо фармондеҳии болоӣ кӯмак мерасонад, инчунин дар фиристодани почтаи хизматии ҳавоӣ мусоидат менамояд.

ФАСЛИ VI

ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ НИСБАТ БА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА РОҲИ ОҲАН

Моддаи 72

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои консулӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан консул ба муқаррароти фасли IV-и Оинномаи мазкур роҳбарӣ менамояд.

ФАСЛИ VII
ВАЗИФАҲОИ КОНСУЛ ОИД БА ҲИФЗИ САНИТАРӢ, ФИТОСАНИТАРӢ ВА ВЕТЕРИНАРӢ

БОБИ XV

Вазифаҳои Консул оид ба ҳифзи санитарӣ хориҷ карда шудааст (дар таҳрири Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007с. №546)

Моддаи 73

Ҳангоми пайдо шудани бемориҳои карантинӣ дар ҳудудҳое, ки қаблан аз ин бемориҳо озод буданд, консул фавран дар ин бора ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри номи ноҳияи сироятшуда, шумораи ҳолатҳо ва чораҳои зиддиэпидемикие, ки мақомоти маҳаллӣ андешидаанд, хабар медиҳад.

Консул шаҳрвандонеро, ки иҷозати ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтаанд, аз зарурати пешниҳод намудани сертификатҳои байналмилалӣ дар бораи эмгузаронӣ ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон огоҳ менамояд.

БОБИ XVI

Вазифаҳои Консул оид ба ҳифзи фитосанитарӣ ва ветеринарӣ

Моддаи 74

Ҳангоми пайдо шудани бемориҳо ё ҳашароти зараррасони хавфноки растаниҳои кишоварзӣ дар ҳудуди ҳавзаи консулӣ, инчунин дар ҳолатҳои бемории оммавии чорво ва паранда ё таҳдиди паҳншавии бемориҳои барои инсон ва ҳайвонот умумӣ, Консул фавран дар ин бора ба намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари будубош ё, ҳангоми набудани он, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Моддаи 75

Консул шаҳрвандонеро, ки иҷозати ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтаанд, аз зарурати пешниҳод намудани сертификатҳои ветеринарӣ барои ҳайвонот, ашёи хом ва маҳсулоти пайдоиши ҳайвонот ҳангоми ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз қоидаҳои воридоти тухмӣ, растаниҳои зинда, маводи ниҳолшинонӣ, мева ва сабзавоти тару тоза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд.

ФАСЛИ VIII

Консулҳои ФАХРӢ (ҒАЙРИШТАТӢ)

Моддаи 76

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи давлати будубош метавонад иҷрои вазифаҳои алоҳидаи консулиро ба консулҳои фахрӣ (ғайриштатӣ) супорад.

Консулҳои фахрӣ (ғайриштатӣ) ҳам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ шуда метавонанд.

Моддаи 77

Консулҳои фахрӣ (ғайриштатӣ) дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор надоранд.

Консулҳои фахрӣ (ғайриштатӣ) таъин карда мешаванд ва вазифаҳои худро мутобиқи Низомнома дар бораи консули фахрӣ (ғайриштатӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 1993 №167 тасдиқ шудааст, амалӣ менамоянд.

(дар таҳрири Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2007с. №546)