CONSULAR DEPARTMENT
OF THE MINISTRY OF FOREIGN AFFAIRS
OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
This website is currently in technical launch mode. If you encounter any errors, please report them via email to: info@consular.tj

Electronic visa

Шаҳрвандони 126 давлат метавонанд тавассути сомонаи расмии www.evisa.tj раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намоянд.
Муҳлати раводиди электронӣ 90 рӯз мебошад, вале дорандаи он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на бештар аз 60 рӯзи тақвимӣ қарор дошта бошад.

Шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ метавонанд дилхоҳ навъи раводиди электронии ба мақсади сафар мувофиқро интихоб намоянд. Ба ғайр аз дорандагони раводиди электронии сайёҳии навъи “Т”, дорандагони дигар навъҳои раводиди электронӣ уҳдадоранд, ки дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ё корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (танҳо барои кормандони намояндагиҳои дипломатӣ) аз қайд гузаранд, ба истиснои шаҳрвандони давлатҳое, ки дар асоси созишномаҳои дахлдор аз бақайдгирӣ ба муҳлатҳои муайян озод мебошанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳангоми дархости раводиди электронӣ метавонанд барои дастрас намудани иҷозати сафар ба минтақаи сарҳадӣ муроҷиат намоянд.

Иҷозати сафар ба минтақаи сарҳадӣ дар варақаи раводиди электронӣ нишон дода мешавад, ки коркарди муроҷиати мазкур 20 доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, муроҷиаткунанда танҳо барои коркарди дархости мазкур тавассути низоми байналмилалии пардохтҳои кортӣ барои раводиди яккаратаи электронӣ – 30 доллари ШМА, барои раводиди бисёркаратаи электронӣ – 50 доллари ШМА пардохт менамояд.

Шумо метавонед тавассути истиноди мазкур дар бораи тартиби бақайдгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дастрас намоед. 

Вобаста ба саволҳои дигар, Шумо метавонед ба 
Маркази тамоси Сарраёсати консулӣ бо рақами +992 44 610 20 20 занг занед.
___________________________________________________________________
Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба саҳифаи мазкур:

-    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқи муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда», №546 аз 02.11.2007;

-    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳванд», №31 аз 25.01.2017;

-    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», №1471 аз 02.01.2018;

-    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», №207 аз 31.03.2020;