САРРАЁСАТИ КОНСУЛИИ
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сомона дар ҳолати оғози техникист. Агар хатогие пайдо шавад, лутфан ба почтаи зерин хабар диҳед: info@consular.tj

Тамдиди раводид

Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати амали раводидро дар асоси раводиди қаблӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки зарурати ин гуна тамдидро тибқи қонунгузорӣ тасдиқ менамоянд, ба муддати муайяншуда тамдид менамояд.

Муҳлати қабули қарор дар бораи тамдиди раводид давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Рад кардани додани раводид ба муроҷиаткунанда асоснок ва шарҳ дода намешавад.

Шумо метавонед тавассути истиноди мазкур дар бораи меъёрҳои хироҷи консулӣ барои тамдид намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дастрас намоед. 

 
Вобаста ба саволҳои дигар, Шумо метавонед ба маркази тамоси Сарраёсати консулӣ бо рақами +992 44 610 20 20 занг занед.

___________________________________________________________________
Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба саҳифаи мазкур:
-    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқи муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда», №546 аз 02.11.2007;

-    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳванд», №31 аз 25.01.2017;

-    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», №1471 аз 02.01.2018;

-    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», №207 аз 31.03.2020;