Тамдиди раводид

Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати амали раводидро дар асоси раводиди қаблӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки зарурати ин гуна тамдидро тибқи қонунгузорӣ тасдиқ менамоянд, ба муддати муайяншуда тамдид менамояд.

Муҳлати қабули қарор дар бораи тамдиди раводид давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Рад кардани додани раводид ба муроҷиаткунанда асоснок ва шарҳ дода намешавад.


Вобаста ба саволҳои дигар, Шумо метавонед ба маркази тамоси Сарраёсати консулӣ бо рақами +992 44 610 20 20 занг занед.