Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он дар асоси Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 тасдиқ шудааст, дода мешавад.
Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 – солагӣ расидаанд, ӯҳдадоранд шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.
Шиноснома аз ҷониби воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар асоси қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатӣ дар дохили кишвар дар асоси ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 тасдиқ шудааст, дода мешавад.
Аз ин лиҳоз, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафорат ва муассисаҳои консулӣ) дода намешавад.
