Додани шиносномаҳои хориҷӣ
Андозаи хироҷи консулӣ барои таҳияи шиноснома дар Вазорати Корҳои Хориҷӣ
| Номгӯй | Меъёри хироҷ (доллари ИМА) |
|---|---|
| дипломатӣ | 125 USD |
| хизматӣ | 100 USD |
| умумишаҳрвандии хориҷӣ | 75 USD |
| барои кӯдакони то 16-сола | 25 USD |
Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он дар асоси Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 тасдиқ шудааст, дода мешавад. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 – солагӣ расидаанд, ӯҳдадоранд шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.
Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шиносномаи хориҷӣ ҳуҷҷатест, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дорандагони он таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Шиносномаи мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, дода мешавад.
Намудҳои шиносномаи хориҷӣ:
Дипломатӣ
Хизматӣ
Умумишаҳрвандӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ин:
Вазорати корҳои хориҷӣ;
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафорат ва муассисаҳои консулӣ);
Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои ҳудудии он.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ судур менамояд?
Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сафарҳои хизматии хориҷӣ мераванд;
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа қарор доранд;
шаҳрвандоне, ки барои фаъолияти меҳнатӣ тибқи шартномаҳои байналмилалӣ сафар мекунанд;
шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа истиқомати доимӣ дошта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан будубош мекунанд;
кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, ки ба сафарҳои хизматии хориҷӣ мераванд.
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дода мешаванд? - амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
- мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ, дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият;
- аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
- расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз пардохти боҷи давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
- нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.
Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафорат ва муассисаҳои консулӣ) шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷиро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ ё муваққатӣ доранд, медиҳанд.
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дода мешавад?
шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ;
шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он барои шаҳрвандони то синни 16;
нусхаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи тасдиқкунандаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.
Дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо хироҷи консулӣ ситонида мешавад. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян менамоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ў додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад. Барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барон додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад. Дархостҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 моҳ баррасӣ карда мешавад. Шиносномаи дипломатӣ Шиносномаи дипломатӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ, дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ
аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз хироҷ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.
Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои дпломатӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
- дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;
- дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.
Шиносномаи дипломатӣ бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи дипломатӣ дорад, ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, барои дастрас намудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида муроҷиат менамояд.
Шиносномаи дипломатӣ ба муҳлати 5 сол дода мешавад. Шиносномаҳои дипломатии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи дипломатӣ тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, ба шахсони зерин дода мешавад:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ;
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералӣ ва муовинони Прокурори генералӣ, котиби Шӯрои амният ва муовини котиби Шӯрои амният, раиси Палатаи ҳисоб ва муовинони раиси Палатаи ҳисоб, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ш.Душанбе;
Сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби матбуотӣ – сардори хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи раёсат), сардори ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи раёсат), муовини сардори хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони бахшҳои раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳо, инчунин сармутахассисон ва мутахассиси пешбари хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, сардори корхонаи воҳиди давлатии"Роҳи оҳани Тоҷикистон", директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи"Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи"Тоҷик Эйр", раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи"Барқи тоҷик", раиси Иттифоқи"Тоҷикматлубот"ва президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ба сафирон ва фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби дипломатӣ доранд, курерҳои дипломатӣ;
ба атташеҳои ҳарбӣ;
ба сардорон ва ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, муовини директори бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин ба хизматчиёни давлатие, ки дар назди созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор таъин карда мешаванд;
ба аъзои оилаи шахсони мансабдори дар зербандҳои 8,9,10 зикргардида танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.
Шиносномаи дипломатӣ якумра ба Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,
шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дода мешавад.
Шиносномаи хизматӣ Шиносномаи хизматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи хизматӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ, дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ;
аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз хироҷ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.
Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хизматӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
- дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;
- дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.
Шиносномаи хизматӣ бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи хизматӣ дорад, ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, барои дастрас намудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида муроҷиат менамояд.
Шиносномаи хизматӣ ба муҳлати 5 сол дода мешавад.
Шиносномаи хизматӣ тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, ба шахсони зерин дода мешавад:
Муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ректорони донишгоҳу донишкадаҳо;
Генералҳои дар хизмат қарордошта;
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба;
Кормандони маъмурии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо ва ба хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби мутахассисро ишғол менамоянд.
