Шиносномаи хизматӣ
Шиносномаи хизматӣ ба хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Шиносномаи хизматӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:
амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сафарҳои хориҷии хизматӣ;
мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми ӯ, дархости хаттии роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар ташкилотҳои давлатӣ;
аризаи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи онҳо;
шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
шаҳодатномаи таваллуд барои шаҳрвандони то синни 16;
расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки аз хироҷ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд;
нусхаи шаҳодатномаи хизматӣ ё маълумотнома аз ҷои кор дар бораи мансаби ишғолнамудаи хизматчии давлатӣ.
Дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хизматӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад.
Барои баррасии таъҷилии аризаҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ андозаи хироҷ ба фоизҳои зерин меафзояд:
дар муддати 3 рӯзи корӣ ба 200 фоиз;
дар муддати 7 рӯзи корӣ ба 100 фоиз.
Андозаи хироҷи шиносномаи хизматӣ тибқи қонунгузории кишвар дар ҳаҷми 100 доллари ИМА (бо сомонӣ дар рӯзи пардохт тибқи қурби асъори Бонки миллӣ ҳисоб карда мешавад) муқаррар шудааст.
Шиносномаи хизматӣ бо мақсадҳои хизматӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми сафари хусусии хизматчии давлатӣ, ки шиносномаи хизматӣ дорад, ӯ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ, барои дастрас намудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида муроҷиат менамояд.
Шиносномаи хизматӣ ба муҳлати 5 сол дода мешавад.
Шиносномаи хизматӣ тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2020, №294 тасдиқ шудааст, ба шахсони зерин дода мешавад:
директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони якум ва муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, сардорони сарраёсат, хадамот ва раёсатҳои вазорат, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
референти калони котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи раёсат), директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шуъба, муовини сардори хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи раёсат), мудири бахш, референти калони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозири давлатӣ, референти котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, референти котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, референти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, референти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, референти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассисони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони пешбари бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнишинҳои ҳавопаймои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо», директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ», директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар», раиси Палатаи савдо ва саноат, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо;
генералҳои дар хизмат қарордошта, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба;
кормандони маъмурии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо, кормандони маъмурии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва аъзои оилаи онҳо танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо ва ба хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби мутахассисро ишғол менамоянд.
Эзоҳ: Шиносномаҳои хизматӣ танҳо мутобиқи рӯйхати болозикр дар асоси дархостҳои вазорату идораҳо (ба истиснои Вазорати корҳои хориҷӣ), ки бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, дода мешаванд.
Баробаркунӣ ё мутобиқгардонии мансабҳо барои гирифтани шиносномаҳои болозикр манъ аст.
Шиносномаҳои хизматӣ ба шахсоне, ки дар рӯйхати болозикр ворид нашудаанд, метавонанд бо розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дода шаванд.
