Раводиди кории навъи «К»

Кӣ гирифта метавонад

Раводиди навъи «К» — ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ташриф овардаанд, дода мешавад:

  • а) иштирок дар гуфтушунидҳои корӣ, маҷлисҳо, симпозиумҳо, форумҳо, конференсияҳо, тендерҳо, музоядаҳо, намоишгоҳу ярмаркаҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

  • б) барои бастани қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштарак, омӯзиши бозори дохилӣ, васлкунӣ, таъмир ва хизматрасонии минбаъдаи таҷҳизот, таҷрибаомӯзӣ ва пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ ва аудитӣ.

Барасмиятдарорӣ, муҳлат ва тамдид

Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «К»-ро дар асоси дархости ҷониби даъваткунанда ба муҳлати дар он нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ медиҳанд.

Раводиди навъи «К» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба муҳлати дархост, вале на зиёда аз 1 сол тамдид карда шавад.

Аъзои оила

Аъзои оила — ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагони ба синни 18-солагӣ нарасида, инчунин падару модари шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва дигар шахсон, ки дар парасторӣ ва таъминоти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд қарор доранд.

Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бидуни навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ ё дигар намуди фаъолият машғул шудани аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ бояд вобаста ба намуди фаъолияташ тибқи Қоидаҳои мазкур иваз карда шавад.

Тартиби барасмиятдарории раводид барои аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба аъзои оила дар қисмати «Навъ / Type» рамзи навъи раводид ва ихтисороти «АО» навишта мешавад. Мисол: дар ҳолати додани раводид ба аъзои оилаи шахсе, ки раводиди навъи «ХС2» дорад — «ХС2АО».

Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ҳуҷҷати сафар;

  • варақа барои ба расмият даровардани раводид;

  • варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;

  • акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;

  • Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомат — дар ҳолати муроҷиат барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд.

  • расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.

Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.

Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.

Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.