Раводиди таҳсилотии навъҳои «О1» ва «О2»

Кӣ гирифта метавонад

Раводиди навъи «О1» — ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин сафар менамоянд, дода мешавад:

  • а) барои гирифтани таҳсил, дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилотие, ки барномаҳои таълимии низоми таҳсилоти миёна, миёнаи техникӣ ва касбӣ, таҳсилоти олӣ, инчунин барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва курсҳои тайёриро амалӣ менамоянд;

  • б) барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ ба ҳайси аспирантҳо, докторантҳо ва аъзои оилаи шахсони номбурда.

Раводиди навъи «О2» — ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои таълим, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва иштирок дар курсҳои омӯзиши забон ё курсҳои такмили ихтисос ташриф оварданианд, дода мешавад.

Барасмиятдарорӣ, муҳлат ва тамдид

Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «О1»-ро ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 3 моҳ ба расмият медароранд. Дорандаи раводиди навъи «О1» ҳуқуқи машғул шудан ба дигар фаъолият, ба ҷуз фаъолияти таълимӣ ва илмӣ надорад.

Ҳангоми хориҷ намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди бо раводиди навъи «О1» даъватшуда аз муассисаи таҳсилотӣ ё аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд худсарона тарк намудани муассисаи таҳсилотии мазкур раводиди шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бекор карда шуда, ба ӯ раводиди навъи хуруҷӣ барои баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Раводиди бисёркаратаи навъи «О1» метавонад ба муҳлати дархостшуда ё муҳлати амали шартномаи таҳсилотӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, вале на зиёда аз 1 сол тамдид гардад. Тамдиди раводиди навъи «О1» аз тарафи Сарраёсати консулӣ дар асоси дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ё муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:

  • нусха аз фармони муассисаи таҳсилотӣ ё илмӣ дар бораи қабул шудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилотӣ, аспирантура ё докторантура;

  • нусхаи билети донишҷӯ ва китобчаи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ;

  • шартнома дар бораи таҳсилот.

Раводиди навъи «О2» аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ дар асоси дархост ва муҳлати дар он нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад. Тамдиди чунин раводид аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар ҳолати ба ҷуз таҳсилот бо фаъолияти дигар машғул шудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, муҳлати будубоши ӯ бо раводиди таҳсилотӣ метавонад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ва илм ё муассисаҳои таҳсилотӣ маҳдуд карда шавад. Дар ин ҳолат раводид бекор карда шуда, раводиди навъи хуруҷӣ дода мешавад.

Аъзои оила

Аъзои оила — ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагони ба синни 18-солагӣ нарасида, инчунин падару модари шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва дигар шахсон, ки дар парасторӣ ва таъминоти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд қарор доранд.

Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бидуни навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ ё дигар намуди фаъолият машғул шудани аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ бояд вобаста ба намуди фаъолияташ тибқи Қоидаҳои мазкур иваз карда шавад.

Тартиби барасмиятдарории раводид барои аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба аъзои оила дар қисмати «Навъ / Type» рамзи навъи раводид ва ихтисороти «АО» навишта мешавад. Мисол: дар ҳолати додани раводид ба аъзои оилаи шахсе, ки раводиди навъи «ХС2» дорад — «ХС2АО».

Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ҳуҷҷати сафар;

  • варақа барои ба расмият даровардани раводид;

  • варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;

  • акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;

  • Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомат — дар ҳолати муроҷиат барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд.

  • расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.

Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.

Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.

Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.