Раводиди транзитии навъи «ТР»
Кӣ гирифта метавонад
Раводиди навъи «ТР» – ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати таъинот ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ сафар доранд, ба муҳлати то 72 соат дода мешавад.
Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте ки ӯ Сарҳади давлатиро тавассути нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ убур нанамояд.
Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то ба эътидол омадани вазъият ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд.
Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути нақлиёти сабукрави заминӣ ба давлати таъинот сафар дорад, раводиди транзитӣ ба муҳлати барои транзит зарурӣ бо хатсайри кӯтоҳтарин дода мешавад. Муҳлати мазкур аз гашти шабонарӯзии воситаи нақлиёт баробар ба 400 км ҳисоб карда мешавад.
Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда дорои раводиди давлате бошад, ки ба он тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад, ё ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад. Раводиди транзитии бисёркарата дар ҳолате дода мешавад, ки агар аризадиҳанда раводиди мутобиқан бисёркаратаи давлатеро, ки ба он сафар дорад, дошта бошад, ё ин ки барои сафар ба давлати сеюм раводид талаб карда нашавад.
Дигар муқаррарот
Аз шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки парвози бетаваққуфро ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ аз фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, раводид талаб карда намешавад. Ҳайати экипажи ҳавоӣ дар асоси Эъломияи умум мутобиқи талаботи ИКАО тариқи гурӯҳӣ вуруду хуруҷ мешаванд.
Раводиди навъи муносиб ба аъзои оила, ба ғайр аз навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ, дода мешавад: раводиди транзитӣ ба аъзои оила ҳамчун раводиди ҳамроҳӣ бо шарти будубоши якҷоя дода намешавад.
Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ
Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ҳуҷҷати сафар;
варақа барои ба расмият даровардани раводид;
варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;
акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;
Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомат — дар ҳолати муроҷиат барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд.
расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.
Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.
Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.
Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.
Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.
