Раводиди сайёҳии навъи «Т»

Кӣ гирифта метавонад

Раводиди навъи «Т» — ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ташриф меорад, дода мешавад.

Барасмиятдарорӣ, муҳлат ва тамдид

Барои гирифтани раводиди навъи «Т» дархости ширкатҳои сайёҳӣ, ки барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, зарур аст. Дар ҳолати сафари фардии мустақилонаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди давлате, ки дар замимаи Қоидаҳои мазкур омадааст, дархости ширкати сайёҳӣ талаб карда намешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванде, ки раводиди навъи «Т» дорад, бояд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати дар раводид муқарраргардида хуруҷ шавад. Раводиди сайёҳӣ тамдид ва ба навъи дигари раводид иваз карда намешавад.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ раводиди яккаратаи навъи «Т»-ро ба муҳлати на зиёда аз 45 рӯзи тақвимӣ медиҳад. Дар ҳолати асоснокии дархост (пешниҳод кардани хатсайри ҳаракат), раводиди бисёркарата дода мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки бо раводиди навъи «Т» вуруд шудааст, дар муҳлати муқарраршудаи раводид аз қайд дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошад.

Аъзои оила

Раводиди навъи муносиб ба аъзои оила, ба ғайр аз навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ, дода мешавад: раводиди сайёҳӣ ба аъзои оила ҳамчун раводиди ҳамроҳӣ бо шарти будубоши якҷоя дода намешавад.

Номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи тартиби соддаро доранд

  1. Австралия

  2. Ҷумҳурии Австрия

  3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

  4. Ҷумҳурии Мисри Араб (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

  5. Ҷумҳурии Аргентина

  6. Ҷумҳурии Булғористон

  7. Гертсогии Бузурги Люксембург

  8. Ҷумҳурии Маҷористон

  9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

  10. Бруней-Доруссалом

  11. Давлати Исроил

  12. Ҷумҳурии Юнон

  13. Ҷумҳурии Халқии Хитой

  14. Ҷумҳурии Ирландия

  15. Ҷумҳурии Исломии Эрон

  16. Ҷумҳурии Исландия

  17. Ҷумҳурии Италия

  18. Канада

  19. Давлати Қатар

  20. Ҷумҳурии Кипр

  21. Ҷумҳурии Эстония

  22. Япония

  23. Шоҳигарии Баҳрайн

  24. Шоҳигарии Белгия

  25. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

  26. Шоҳигарии Дания

  27. Шоҳигарии Испания

  28. Шоҳигарии Марокаш

  29. Шоҳигарии Нидерландия

  30. Шоҳигарии Норвегия

  31. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

  32. Шоҳигарии Шветсия

  33. Давлати Кувайт

  34. Ҷумҳурии Латвия

  35. Ҷумҳурии Литва

  36. Ҷумҳурии Лубнон

  37. Малайзия

  38. Ҷумҳурии Малта

  39. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика

  40. Зеландияи Нав

  41. Аморати Муттаҳидаи Араб

  42. Султонати Уммон

  43. Ҷумҳурии Лаҳистон

  44. Ҷумҳурии Португалия

  45. Ҷумҳурии Корея

  46. Ҷумҳурии Индонезия

  47. Ҷумҳурии Хорватия

  48. Руминия

  49. Ҷумҳурии Сингапур

  50. Ҷумҳурии Словакия

  51. Ҷумҳурии Словения

  52. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

  53. Иёлоти Муттаҳидаи Америка

  54. Шоҳигарии Таиланд

  55. Ҷумҳурии Туркия

  56. Ҷумҳурии Тунис

  57. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

  58. Ҷумҳурии Федеративии Германия

  59. Ҷумҳурии Филиппин

  60. Ҷумҳурии Финляндия

  61. Ҷумҳурии Франсия

  62. Ҷумҳурии Чехия

  63. Конфедератсияи Швейтсария

  64. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ

  65. Ҷумҳурии Исломии Покистон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Т», «Н»)

  66. Ҷумҳурии Ҳиндустон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Н»)

  67. Ҷумҳурии Яман (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

  68. Туркманистон

  69. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла

  70. Ҷумҳурии Ӯзбекистон (нисбати раводидҳои «Д», «Х», «С», «МОИ», «Н»)

  71. Шоҳзодагии Андорра

  72. Вотикон

  73. Шоҳзодагии Лихтенштейн

  74. Шоҳзодагии Монако

  75. Ҷумҳурии Куба

  76. Ҷумҳурии Чили

  77. Муғулистон

  78. Ҷумҳурии Сенегал (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

Шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.

Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд дар асоси шартномаҳои дуҷониба ё дар асоси рафтуомади бераводиди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар тартиби соддаи гирифтани раводидро ба роҳ монанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби соддакардашударо муваққатан боздошт намояд.

Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ҳуҷҷати сафар;

  • варақа барои ба расмият даровардани раводид;

  • варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;

  • акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;

  • Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомат — дар ҳолати муроҷиат барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд.

  • расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.

Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.

Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.

Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.