Раводиди дипломатии навъи «Д»
Кӣ гирифта метавонад
Раводиди навъи «Д» – ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии давлатҳои хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони идораҳои сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақоми дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мушоҳидоне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаҳои шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд, дода мешавад.
Дар ҳолате, ки мақоми дипломатии шаҳрванди хориҷии шиносномаи дипломатӣ надошта аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад, ба ӯ раводиди дипломатӣ додан мумкин аст. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи дипломатӣ дошта бошаду мақоми дипломатии ӯ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф нашуда бошад (дар ҳолати сафари хусусӣ), ба ӯ мумкин аст раводиди навъи дигар вобаста ба мақсади сафараш дода шавад.
Барасмиятдарорӣ, муҳлат ва тамдид
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бюрои консулӣ раводиди навъи «Д»-ро дар асоси дархост ва ё ёддошти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ё намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, ба муҳлати дар он нишондода, вале на зиёда аз 3 моҳ ба расмият медароранд.
Дар ёддошт бояд маълумот дар бораи мансаби шахси таъиншаванда ва дар сурати ротатсия, мансаб, насаб, ном, номи падари шахсе, ки ӯро иваз мекунад, дарҷ гардида бошад.
Тамдиди минбаъдаи чунин раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти аккредитатасионӣ ва муҳлати он, вале на зиёда аз 3 сол сурат мегирад.
Аъзои оила
Аъзои оила — ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагони ба синни 18-солагӣ нарасида, инчунин падару модари шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва дигар шахсон, ки дар парасторӣ ва таъминоти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд қарор доранд.
Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бидуни навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ ё дигар намуди фаъолият машғул шудани аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ бояд вобаста ба намуди фаъолияташ тибқи Қоидаҳои мазкур иваз карда шавад.
Тартиби барасмиятдарории раводид барои аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.
Дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба аъзои оила дар қисмати «Навъ / Type» рамзи навъи раводид ва ихтисороти «АО» навишта мешавад. Мисол: дар ҳолати додани раводид ба аъзои оилаи шахсе, ки раводиди навъи «ХС2» дорад — «ХС2АО».
Тартиби содда
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Яман, Ҷумҳурии Сенегал ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди навъи «Д»-ро доранд. Шаҳрвандони дигар давлатҳои номгӯи замимаи Қоидаҳо низ ҳуқуқи тартиби соддаро доранд, агар дар замима маҳдудияти навъ зикр нашуда бошад. Шахсони бешаҳрванд ва собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводидро доранд.
Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ
Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ҳуҷҷати сафар;
варақа барои ба расмият даровардани раводид;
варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;
акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;
Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ барои раводидҳои навъҳои дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳо ишорашуда (аз ҷумла навъи мазкур) талаб карда намешавад, ҳатто агар муҳлат зиёда аз се моҳ бошад.
расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.
Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.
Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.
Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.
Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.
