Раводиди хуруҷии навъи «Хуруҷӣ»
Меъёри хироҷи консулӣ
| Номгӯй | Меъёри хироҷ (доллари ИМА) |
|---|---|
| ба муҳлати то 3 рӯз | 20 USD |
| ба муҳлати то 7 рӯз | 30 USD |
Кӣ гирифта метавонад
Раводиди навъи «Хуруҷӣ» — аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ аз ҷониби намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар муҳлати ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бо қарори мақомоти дахлдор дар бораи номатлуб будани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ва ё қатъ гаштани шартномаи меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, дода мешавад.
Барасмиятдарорӣ, муҳлат ва тамдид
Раводиди хуруҷӣ ба муҳлати на зиёда аз 7 рӯз дода мешавад. Дар ҳолати дар муҳлати нишондода, бо сабабҳои узрнок ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба ӯ раводиди дигари хуруҷӣ ба муҳлати то 3 рӯз дода мешавад.
Шахсе, ки раводиди хуруҷӣ дораду бе сабабҳои узрнок дар муҳлати нишондода аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебарояд, кирдори ӯ ҳамчун амали вайрон намудани қоидаи будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда, ба таври маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, раводиди хуруҷӣ дар асоси иҷозати Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Дигар муқаррарот
Раводиди хуруҷӣ инчунин ба расмият дароварда мешавад, агар:
шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқии дорандаи раводиди навъи «М» бекор карда шавад;
дорандаи раводиди навъи «О1» аз муассисаи таҳсилотӣ хориҷ карда шавад ё онро худсарона тарк намояд, ё будубоши дорандаи раводиди навъи «О2» бо сабаби машғул шудан ба фаъолияти ғайритаҳсилӣ маҳдуд карда шавад;
шартномаи дорандаи раводиди навъи «МОИ» бекор карда шавад;
мақомоти ваколатдор муҳлати будубоши муваққатиро кӯтоҳ кунад: раводиди амалкунанда бо муҳри «бекор карда шудааст» бекор карда шуда, сипас раводиди хуруҷӣ дода мешавад.
Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд иҷозат барои хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ё додани раводид барои хуруҷ метавонад рад карда шавад, агар ӯ:
дар парвандаи ҷиноятӣ гумонбар, айбдоршаванда ва ё судшаванда ҳисобида шуда бошад — то ба итмом расидани пешбурди парванда ё қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд оид ба ин парванда;
уҳдадориҳои молумулкӣ, андозӣ ё дигар уҳдадориҳоро дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки тибқи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд муқаррар карда шудааст, иҷро накарда бошад — то иҷрои ин уҳдадориҳо.
Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ
Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
ҳуҷҷати сафар;
варақа барои ба расмият даровардани раводид;
варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;
акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;
Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомат — дар ҳолати муроҷиат барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд.
расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.
Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.
Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.
Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.
Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.
