Раводиди табширии навъи «ТБ»

Кӣ гирифта метавонад

Раводиди навъи «ТБ» — ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҳайси корманд дар ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамоянд ё карданианд, дода мешавад.

Барасмиятдарорӣ, муҳлат ва тамдид

Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи «ТБ»-ро дар асоси дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, ва маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз мақомоти ваколатдор оид ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 3 моҳ медиҳанд.

Тамдиди раводиди навъи «ТБ» аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости ташкилоти динӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, ва маълумотнома дар бораи бақайдгирӣ ва фаъолият аз мақомоти ваколатдор оид ба дин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз як сол сурат мегирад.

Аъзои оила

Аъзои оила — ҳамсар, фарзандон, фарзандхондшудагони ба синни 18-солагӣ нарасида, инчунин падару модари шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд ва дигар шахсон, ки дар парасторӣ ва таъминоти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд қарор доранд.

Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бидуни навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳангоми ба фаъолияти меҳнатӣ ё дигар намуди фаъолият машғул шудани аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, раводиди ӯ бояд вобаста ба намуди фаъолияташ тибқи Қоидаҳои мазкур иваз карда шавад.

Тартиби барасмиятдарории раводид барои аъзои оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолати барасмиятдарории раводид ба аъзои оила дар қисмати «Навъ / Type» рамзи навъи раводид ва ихтисороти «АО» навишта мешавад. Мисол: дар ҳолати додани раводид ба аъзои оилаи шахсе, ки раводиди навъи «ХС2» дорад — «ХС2АО».

Ҳуҷҷатҳои умумӣ ва муҳлати баррасӣ

Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои вобаста ба навъи раводид, баъди ворид намудани маълумот ба шабакаи иттилоотии электронӣ ба мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ҳуҷҷати сафар;

  • варақа барои ба расмият даровардани раводид;

  • варақаи раводид, ки бо истифода аз воситаҳои техникӣ тавассути Интернет хонапурӣ шуда, баъд аз ирсол тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ аз ҷониби аризадиҳанда чоп карда мешавад;

  • акси дархосткунанда тибқи ҳаҷм ва сифати муқарраршуда;

  • Маълумотномаи тиббӣ дар бораи ташхиси тиббӣ ба ВНМО/БПНМ аз муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати иқомат — дар ҳолати муроҷиат барои гирифтани раводид ба муҳлати зиёда аз се моҳ, ба ғайр аз навъҳои раводиде, ки дар бандҳои 7, 8, 9 ва 22 Қоидаҳои мазкур ишора шудаанд.

  • расид дар бораи пардохти боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ.

Дархостҳо барои гирифтани раводид тариқи шабакаи иттилоотии электронӣ пешниҳод мешаванд. Варақаи раводид аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Муҳлати эътибори шиноснома чун қоида набояд аз 6 моҳ пештар то охири муҳлати амали раводид ба охир расад. Дар ҳуҷҷат бояд на кам аз 2 варақи холии барои раводид пешбинишуда бошад.

Муҳлати баррасӣ ва барасмиятдарории раводид на зиёда аз 20 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои пешбинигардида муқаррар карда мешавад. Дар ҳолатҳои алоҳида, агар баррасии дақиқи ҳуҷҷатҳо зарур бошад, муҳлат метавонад ба на зиёда аз 10 рӯзи корӣ тамдид карда шавад.

Хироҷи консулӣ ҳангоми рад намудани додани раводид ё нодуруст пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо баргардонида намешавад. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ хироҷи консулӣ ба таври пурра ситонида мешавад, агар тартиби дигар бо шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ нашуда бошад.

Матн аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 «Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» гирифта шудааст.